ҳуқуқ
ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. МУТАХАССИСОН БОЗОМӮЗӢ МЕШАВАНД
Дар маркази таълимӣ - методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани шаҳодатнома ба кормандони КҲФ, ки дар давраи омӯзишии “Чорабиниҳои эвакуатсионӣ дар минтақаҳои аз фалокат зери обмонда дар ҳолати рахнашавии иншооти гидротехникӣ” ширкат карда буданд, баргузор шуд.
Бино ба иттилои Умеда Юсуфӣ, сардори маркази матбуоти КҲФ, ин давраи омӯзишӣ аз ҷониби омӯзгори Академияи мудофиаи граждании Вазорати мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии офатҳои табиати Федератсияи Россия полковник Виталий Симонов гузаронда шуд. Дар ин омӯзиш малакаҳои қабули қарори саривақтӣ ва тақсими дурусти воситаҳо ва неруҳо барои бартараф намудани ҳолатҳои эҳтимолии фавқулода дар замони осоишта ва ҷангӣ баланд бардошта шуданд.
Дар маросими супурдани шаҳодатномаҳои хатми давраи омӯзишӣ муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ҷ. Маҳмудзода ширкат намуд ва бо изҳори сипос иброз дошт, ки дарси омӯхташуда ва малакаҳои ҳосилгардида дар ҷараёни анҷоми вазифаҳои хидматӣ ба кор хоҳанд рафт.
Ин давраи омӯзишӣ бо мақсади татбиқи Созишномаи сеҷониба миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии офатҳои табиии Федератсияи Россия ва Ташкилоти байналмилалии мудофиаи гражданӣ оид ба расондани кумакҳои методӣ, ҳамчунин, барои баланд бардоштани малака ва дониши кормандони кумита 3 декабри соли равон дар маркази омӯзишӣ - методии КҲФ оғоз шуда буд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.12.2018 №: 244 Мутолиа карданд: 804