logo

ҳуқуқ

ҚАЛЛОБӢ. БОЗ ДУ НАФАР ДАСТГИР ШУДАНД

Суди шаҳри Душанбе Муҳаммад Халилов, зодаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, шунавандаи давраи таҳсили ординатураи клиникӣ аз рӯи тахассуси тибби оилавии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ ва Хуршед Қурбонов, зодаи ноҳияи Восеъ, дарбони бинои таълимии маъруф ба номи «Қарияи Боло» - и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Синоро барои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ба курсии айбдорӣ шинонд.
Тавре тафтишот муайян кард, Муҳаммад Халилов бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо шиносаш Хуршед Қурбонов амал намуда, моҳи июни соли равон бо шаҳрванд Зокирҷон Нуров дар шаҳри Душанбе вохӯрда, иброз менамояд, ки бар ивази маблағи 9000 доллари ИМА метавонанд, ӯро ба факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил кунанд. Бо мақсади боварибахш кардани фиреби худ аз шаҳрванд Зокирҷон Нуров талаб мекунанд, ки то 25 июни соли равон маблағро бо нусхаи шиноснома ва шаҳодатнома оид ба таҳсилоти миёнаи умумӣ ба онҳо дастрас намояд.
Бо ин роҳ М. Халилов ва Х. Қурбонов 22 июни соли ҷорӣ дар назди беморхонаи маъруф ба номи “Қарияи Боло” бо З. Нуров вохӯрда, аз ӯ маблағи 9000 сомонӣ баробар ба 1000 доллари амрикоиро гирифта, ҳар чи зудтар овардани боқимонда маблағи 73000 сомонӣ баробар ба 8000 доллари ИМА - ро талаб намуданд.
25 июни соли 2018 баъди муроҷиати З.Нуров ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ - тафтишотӣ М. Халилов ва Х. Қурбонов баъди аз шаҳрванд З. Нуров гирифтани маблағи 73000 сомонӣ дастгир шуданд.
Бо ҳукми суд ба Муҳаммад Халилов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» ва моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазои ҷарима ба андозаи 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 40 000 сомонӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда ва ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати се сол таъйин карда шуд.
Нисбат ба Хуршед Қурбонов низ бо моддаи 247 қиси 4 банди «б» ва дастрасии моддаи 63 Кодекси ҷиноятӣ ҷарима ба андозаи 40 000 сомонӣ, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан ба фаъолияти муайян таъйин карда шуд.
Асомуддин БОБОХОНЗОДА, муовини раиси суди шаҳри Душанбе,
Ҷамила Абдулхайрзода, корманди дастгоҳи
суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2018    №: 244    Мутолиа карданд: 804
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед