ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ПОРА
Муфаттиш бо 10 ҳазор сомонӣ ба даст афтод
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як корманди мақомоти корҳои дохилӣ хабар дод, ки ба гирифтани пора ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ гумонбар мешавад.
Бар пояи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, муфаттиши калони гурӯҳи тафтишотии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти вилояти Суғд майори милитсия Наврӯз Ҳакимов барои қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванд «А», ки дар пешбурдаш қарор дошт, аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст. Номбурда ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи нишондодашуда рӯзи 9 декабр дар ҷои ҳодиса боздошт гардид.
Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як корманди мақомоти корҳои дохилӣ хабар дод, ки ба гирифтани пора ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ гумонбар мешавад.
Бар пояи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, муфаттиши калони гурӯҳи тафтишотии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти вилояти Суғд майори милитсия Наврӯз Ҳакимов барои қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванд «А», ки дар пешбурдаш қарор дошт, аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст. Номбурда ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи нишондодашуда рӯзи 9 декабр дар ҷои ҳодиса боздошт гардид.
Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
ҚОНУНШИКАНӢ
Мусодираи наздик ба 20 ҳазор дона маводи тарфгарӣ
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, зимни пешбурди як қатор чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ миқдори зиёди маводи тарфгариро аз муомилот боз дошта, нафарони гумонбарро дастгир намуданд. Шаҳрвандон Умеда Каримова ва Фирдавс Ҳабибуллоев аз ҷумлаи боздоштшудагоне мебошанд, ки даст ба тиҷорати ин мавод задаанд.
Кормандони милитсия аз номбурдагон ба миқдори 19 ҳазору 250 дона маводи тарфгарии навъи «трения» дарёфту мусодира карданд, ки тибқи қонунгузорӣ воридот ва мавриди истифода қарор додани чунин мавод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст.
Айни ҳол нисбат ба далели мазкур мутобиқи моддаи 199 иловаи 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри ин хабар аз тоҷирону соҳибкорон даъват намудааст, ки талаботи ҳатмии қонунҳои амалкунандаро ҷиҳати пешгирии воридоту фурӯши маводи тарфгарӣ риоя намоянд, то фазои осоиштаи ҳаёти мардумро халалдор насозанд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.12.2018 №: 244 Мутолиа карданд: 856