logo

иқтисод

ДАРБАНД БА ҶАШН ОМОДАГӢ МЕГИРАД

Бунёди шаҳраки Дарбанд – маркази нави Нурободи куҳан мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ уфуқҳои тоза касб мекунанд.
Тавре Дӯстзода Ҳасан Тағдир, раиси ноҳияи Нуробод, зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурра кӯчондани аҳолӣ ба Дарбанд аз деҳаи Комсомолобод ва як қатор маҳалҳои аҳолинишин аз минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» шурӯъ аз соли 2005 марҳила ба марҳила барномаҳои зиёдеро амалӣ намудааст, то даҳҳо иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқ ва дигар инфрасохтори зарурӣ сохта ба истифода дода шаванд.
Ба гуфтаи ӯ, дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат шароит фароҳам омад, ки давоми 27 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди шаҳраку деҳоти Нуробод ва маркази маъмурии он - шаҳраки Дарбанд бо харҷи 309 миллиону 351 ҳазор сомонӣ 198 иншооти таъйиноти гуногун аз ҳисоби маблағҳои вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар сарчашмаҳои сармоягузорӣ бунёд гардидаанд. Соли ҷорӣ дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳраки Дарбанд ба 758 хоҷагӣ қитъаи замин тақсим карда шуд, ки ҳоло 142 хонавода дар хонаҳои бунёдкардаашон зиндагӣ доранд.
Ҳамчунин, ба 2 ҳазору 82 хоҷагӣ дар ноҳияҳои Нуробод, Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳри Турсунзода замини наздиҳавлигӣ барои бунёди хонаи истиқоматӣ дода шуд, ки аз ин шумора, аллакай 773 оила дар маҳали нави зист истиқомат дорад. 
Дар маҳалҳои навбунёд инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳи мошину пиёдагард, хати обу барқ, чароғон ва асфалтпӯш намудани кӯчаҳо пурра анҷом ёфтаанд.
Раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз ба рӯз вусъати тоза мегиранд. Идомаи сохтмони коллеҷи муҳандисӣ барои 650 нафар касбомӯз, анҷом додани сохтмони қисмати дуюми бинои касалхонаи марказӣ, биноҳои муассисаи коммуналӣ, идораи роҳсозӣ ва кохи фарҳанг барои 500 ҷойи нишаст аз ҷумлаи барномаҳои бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат ва дигар шарикони рушд ба шумор рафта, аз рӯйи нақшаи  пешбинишудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия то ҷашни фархунда марҳила ба марҳила ба истифода дода мешаванд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2018    №: 244    Мутолиа карданд: 905
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед