фарҳанг
ХУРШЕДА ОТАХОНОВА. РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар радифи мардони бузургу донишёр бонуе низ фаъолият дошт, ки тамоми донишу неруяшро сарфи илми филология мекард.
Ин бонуи хушахлоқу озода нахустин академикзан дар соҳаи илми филология, муаллифи чандин рисолаву мақолаҳои илмӣ Хуршеда Отахонова буд.
Мавсуф ҳамчун фидоии роҳи илм дар соҳаи интихобкардааш содиқонаву софдилона кор мекард. Ин навишта имкони гунҷоиши тамоми паҳлуҳои фаъолияти пурсамари илмии ин академикзани хушномро, ки қариб 60 сол дар муассисаи илмии зикршуда кор кардааст, надорад. Бинобар ин, мехоҳам танҳо ба ду ҷиҳати фаъолияти мондагори ӯ ба таври хеле мухтасар сухан гӯям.
Академик Хуршеда Отахонова яке аз муассисони сарсупурда ва фидокори бойгонии адибон дар Институти забон ва адабиёт мебошад. Маҳз бо ташаббус ва талошҳои пайгиронаи ӯ ва дастгириву ёрмандиҳои роҳбарияти вақт бойгонии мазкур таъсис ёфт. Бо мақсади омӯзиши ҷиҳатҳои илмии он Хуршеда Отахонова чандин бор ба Маскаву Санкт-Петербург сафарҳои хидматӣ намуда, роҳҳо ва усулҳои таъсис ва омӯзишу коркарди илмии бойгонии адибонро амиқ омӯхта, таҷрибаи кофӣ ҳосил намуд.
Пас аз он, китоби «Дастуруламал доир ба танзими илмии бойгонии адибон» - ро ба чоп расонд, ки ягона сарчашмаи омӯзиш дар риштаи бойгонии адибон мебошад. Ӯ бисёр амиқу рӯшан ҳис мекард, ки агар муассисаҳои илмӣ бойгонии якумринаи адибонро зери ҳимоя нагиранд, фардо дер мешавад.
Имрӯз ба шарофати заҳматҳои Хуршеда Отахонова дар ин бойгонӣ бештар аз 38 фонд аз осори адибон гирд оварда шудааст. Ӯ ин миқдори зиёдро чун нури чашмаш нигаҳдорӣ ва ҳифз менамуд. Дар асоси ин фонд, куллиёти осор ва маҷмӯаҳои адибони номварамон ба монанди Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Лоҳутӣ, Ҷавҳаризода ва дигаронро ба чоп омода намудааст.
Академик Хуршеда Отахонова яке аз аввалин донишмандоне буд, ки ба матншиносии илмии адабиёти муосири тоҷик ибтидо гузошт. Дар ин хусус мақолаҳои зиёди илмӣ навишт, ки имрӯз чун дастури асосӣ барои шогирдони ин соҳа хидмат менамоянд.
Мавсуф, инчунин, яке аз тарғибгарони фаъоли одобу ахлоқ, бавижа хулқу адаби зани тоҷик дар ҷомеа буд. Ҳам бо шахсияти намунавӣ ва ҳам ба воситаи гузоришу суханрониҳояш аз тариқи матбуот тарғибгари ахлоқи неку ба шумор меомад.
Китоби «Ҳусни инсон» - аш, ки дар бораи одобу ахлоқи суннатии тоҷикӣ баҳс менамояд, борҳо бо таҳриру тасҳеҳ ба чоп расидааст. Пеш аз вафот бо таҳриру иловаҳо ин китобро бори дигар ба дасти хонандагонаш супурд.
Анзурати МАЛИКЗОД, ходими калони илмии Институти
забон ва адабиёти ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.12.2018 №: 244 Мутолиа карданд: 877