logo

туризм

ШАҲРИТУЗ. МУАРРИФГАРИ САЙЁҲИИ ТАЪРИХӢ

Шаҳритуз. Худи ин номвожаи ҷуғрофӣ ишора бар он дорад, ки ин мавзеъ замоне шаҳр будааст. Мавҷудияти мадрасаҳо низ гувоҳи гуфтаҳои моянд. Зеро маҳз дар манотиқи рушдкардаву таърихӣ мадрасаҳо бунёд меёфтанд ва аҳли илму хирад он ҷо мешитофтанд. Дар ноҳияи Шаҳритуз мадрасаҳои Хоҷа Машҳад, Хоҷа Дурбод, мақбараҳои Хоҷа Сарбоз, Тилло Ҳаллоҷӣ, ки дар замони Сомониён ва баъд аз он бунёд ёфтаанд,  ба бостонӣ будани минтақа далолат мекунанд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Шаҳритуз як бахше аз Қубодиёни таърихист, ки сарзамини куҳани ниёгони мо буд.

МАДРАСАИ ХОҶА МАШҲАД
Мадраса дар асрҳои IX - XII сохта шуда, ҳоло аз ин ёдгории таърихӣ ду бинои гунбазу равоқдори аз хишти пухта баҳампайваста боқӣ мондааст.  Бинои тарафи рост қисми қадимтарини ёдгорӣ аст. Гунбазу равоқҳо ва нижвонҳо аз хишти моил чидашуда, бино ёфтаанд. Ба андешаи А. Л. Литвинский, дертар аз тарафи ғарбии бинои дуюм равоқи пештоқдори мунаққаше илова гардидааст. Дар тарафи муқобил ё худ самти шимолии он низ аз хишти хом ва пухта ду бинои гунбаздори на он қадар калон пӯшида шуда будааст, ки ба бинои қисми ҷанубӣ ва асосии ансамбл шабоҳат дошт. Бинои мазкур дар тӯли асрҳо вайрону валангор гардида, аз байн рафтааст. Чунин андеша ҳам роиҷ аст, ки шоир ва мутафаккири маъруфи тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ таълимоти ибтидоиро дар ҳамин мадраса гирифтааст.
Дар иртибот бо мадрасаи Хоҷа Машҳад аз ҷониби муҳаққиқону муаррихони ватанию хориҷӣ пажӯҳишу корҳои муайян ба сомон расонда шудаанд. Онҳо дар муайян намудани паҳлуҳои норавшани таърихи пайдоиш,  бунёду сохтмони ин ёдгории фарҳангӣ ва муаррифии он ба ҷаҳониён саҳми арзандаю босазо гузоштаанд. Месазад, аз хизматҳои арзишманди муарриху бостоншиноси маъруф  Сергей Григоревич Хмелнитский, ки беш аз 40 сол  гурӯҳҳои махсуси ҳафриётию бостоншиносиро роҳбарӣ карда, дар он корҳои зиёди илмию тадқиқотӣ бурдааст, ёдовар шавем.
Маҳз  таҳти роҳбарии бевоситаи ин олиму муҳаққиқи варзида дар ибтидои солҳои 60 - уми асри гузашта корҳои ҳафриётию бостоншиносӣ равнақи тоза касб карда, ба бисёр масъалаҳо равшанӣ андохта шуд. Қабл аз ҳама, исбот гардид, ки  биноҳои ёдгории зикргардида дар як вақт не, балки дар асрҳои гуногун  бо ҳам пайваст шудаанд. Ҳамзамон, муайян гардид, ки 54 гӯри дар дохили ҳар ду бинои ёдгорӣ мавҷудбуда, дар асрҳои IX - XII не, балки баъдтар, ҳангоми  истилои Осиёи Миёна аз ҷониби чингизиён  пайдо гаштаанд. Дар рафти ковишҳои археологӣ  аз замини зери бино ва атрофи он зарфҳои гуногуни сафолӣ, шамъдонҳою маснуоти дигари қадима пайдо шудааст, ки алҳол бахше аз онҳо дар пешдолони байни ҳар ду бино дар маъраз аст.
Мавриди зикр аст, ки С. Г. Хмелнитский доир ба мадрасаи Хоҷа Машҳад ва таърихи бунёди он матлабҳои зиёди илмию тадқиқотӣ навишта, ба ҳамватанони мо ва  ҷаҳониён манзур намудааст.
«Мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳамчун мадрасаи калонтарини Осиёи Миёна аҳамияти таърихӣ дорад ва аз маркази илму маданият будани Қубодиёни қадим шаҳодат медиҳад», - нигоштааст шарқшинос, муаррих ва бостоншиноси маъруф Александр Маркович Беленитский дар «Мавзолей у селения Саят» ном мақола.
Дар дохили бинои дуюм 13 адад хишти даври гунбаз ба назар намерасад. Хиштҳоро, ки бо навиштаи зарҳалии арабиасос оро ёфта буданд,  дар даврони шӯравӣ бо тавсияи С. Г. Хмелнитский барои таҳқиқу омӯзиш ба Осорхонаи шаҳри Ленингарад (Санкт-Петербурги имрӯза) - и Федератсияи Россия интиқол доданд ва то ҳол баргардондани онҳо чун муаммо боқӣ мондааст.

МАҚБАРАИ ХОҶА ДУРБОД
Мақбараи Хоҷа Дурбод дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Дурбоди Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳия ҷойгир буда, иморати он аз хишти пухта сохта шудааст. Иморат мураббаъшакл буда, намоҳои на чандон баланди он бо усули тоқ дар тоқ ва нижвон зинат ёфтааст. Ин тарзи ороиш (аз хиштҳои майдаи 22х22 сантиметрӣ чида шуда), намунаи нодир аст. Бандубасташ ғайриодист. Бо вуҷуди аз берун мураббаъ будани асосаш девори дохили он ҳаштпаҳлуст ва ин шакл дар санъати меъмории Осиёи Миёна ҳамто надорад.
Дар девори дигар паҳлуҳо (ба ғайр аз он ки даромадгоҳ гузоштаанд) тоқчаҳои росткунҷаи на чандон чуқур ҷой дода шудаанд, ки заминашон бо ранги сурх гулпарто гардидааст.
Мақбараи Хоҷа Дурбод  аз дигар ёдгориҳо фарқ мекунад. Аз тарафи шимол пештоқи калоне гузоштаанд, ки қисми зиёди наморо ишғол кардааст. Бурҷҳои он бо тоқчаҳои ороишӣ зинат ёфтаанд. Як қисми гунбазаш хароб шудааст.
 

МАҚБАРАИ ХОҶА САРБОЗ
Мақбараи Хоҷа Сарбоз  ёдгории меъмории асрҳои XI - XII буда, дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз ҷойгир аст. Ба типи мақбараҳои мутамарказ мансуб аст. Асоси Мақбараи Хоҷа Сарбоз  мураккаб буда, пойдевораш похсагист ва худаш аз хишти хом бино ёфтааст. Гунбази мақбара хароб гаштааст. Қутри он 7,5 метр буда, яке аз калонтарин гунбазҳои аз хишти хом сохташудаи Осиёи Миёна ба ба ҳисоб меравад. Он аз тарафи шимол даромадгоҳи одӣ дорад. Дохили бино аз ҳисоби равоқтоқҳои хурд васеъ шудааст. Қисми болоии тоқҳо бо шакли ғайриодии зинамонанд, ки дар боло торафт тангтар мешавад, фарқ мекунад.
Мақбараи Хоҷа Сарбоз  бо вуҷуди пурра маҳфуз намонданаш, ганҷинаи нодири таърихӣ ва бадеии санъати меъморӣ ба шумор меравад. Умед аст, ки дар ояндаи наздик он дар шакли аввалааш барқарор мегардад.

ТИЛЛО ҲАЛЛОҶӢ
Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ ёдгории меъмории асрҳои XI - XII дар деҳаи Айвоҷи ноҳия, воқеъ мебошад, ки аз хишти хом сохта шудааст. Андозааш аз берун 10,5 метр, аз дарун 6,9 метр аст. Мақбараи мазкур аз рӯи сохт маъбадҳои оташпарастони пешазисломии Осиёи Миёна – «Чортоқ» - ро ба хотир меорад. Фарқаш дар ҳамин аст, ки он танҳо аз се тараф даромадгоҳ дорад ва тарафи чорум (шимол) гарчанде шакли даромадгоҳ боқист, аммо дар асл маҳкам аст.
Сохти даромадгоҳҳо хеле ҷолиб  буда, мувофиқи усули меъмории асрҳои XI - XII сохта шудаанд: тоқҳои пайконии зебо дар тоқҳои росткунҷаи чуқур ҷойгир шуда, усулан, тоқ дар тоқ аст. Гунбази мақбара хароб гаштааст. Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ аз намунаҳои нодири бинои қадимаи аз хишти хом сохта шуда мебошад.
Аз саёҳати кӯтоҳмуддати Шаҳритуз маълум шуд, ки агар корҳои бостоншиносӣ вусъат ёбанд, дар ин ҷо ҳанӯз бозёфтҳои таърихӣ зиёданд ва паҳлуҳои дигари гузаштаи моро рӯшан мекунанд.
Бузургмеҳр БАҲОДУР,
Маҳмуд БАҲРОМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2018    №: 244    Мутолиа карданд: 1663
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед