logo

фарҳанг

"ЗАБОНИ МИЛЛАТ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ" ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ МАЪРИФАТИ ҶАВОНОН

Раванди ҷаҳонишавӣ дар радифи баъзе омилҳои мусбат, инчунин, эҷодгари чандин хусусиятҳои манфист, ки метавонад, манфиатҳои милливу фарҳангиро таҳти хатарҳои маҳвшавӣ бурда расонад. Таъсири манфии он, қабл аз ҳама, ба қишри ҷавони кишвар расидагӣ менамояд, зеро ҳама гуна хатарҳо ва зуҳуроти манфие, ки сар мезананд, нахуст ба насли наврас ва ҷавонон сироят мекунад. Маҳз бо назардошти муҳимияти масъала Пешвои муаззами миллат пайваста ҷавононро аз таҳдидҳои хатарҳои ҷаҳонишавӣ ва оқибатҳои нохуши он ҳушдор медиҳанд.
Ин мавзӯъ, бахусус, дар асари «Забони миллат - ҳастии миллат» - и Пешвои миллат бештар ба назар мерасад.
Маҷмӯан, дар ин китоб саҳифаҳои номакшуфи ҳаёти забони тоҷикӣ бо диди нави илмӣ баррасӣ гардидаанд. Муҳимияти тадқиқот, қабл аз ҳама дар он аст, ки то имрӯз асари нисбатан ҷамъбастие, ки ҳаёти забони беш аз сеҳазорсолаи халқи ориёиро ба риштаи таҳқиқ кашида бошад, вуҷуд надорад. Асар тамоми ҷанбаҳои муҳими давраҳои гуногуни тараққиёти забони тоҷикиро фаро мегирад ва бо забони бисёр хуби илмию оммафаҳми тоҷикӣ навишта шудааст.
Муаллифи асари мавриди назар вазъи забони тоҷикиро аз замони пайдоиши он то имрӯз дар як ҷумлаи пурбору пурмаъно, мӯҷазу мухтасар чунин баён доштаанд: «Дар ин давраи бостонии мо қавмҳои ориёӣ ҳарчанд ба сарзамин ва кишварҳои мухталиф паҳн шуда бошанд ҳам, асолати этникӣ ва фарҳангии худро нигоҳ дошта, дар осори бозмондаашон барои таъкид кардани ин умумияти забонӣ, фарҳангӣ ва қавмӣ худро ва забони худро ориёӣ хондаанд».
 Албатта, бидуни забон ҳеҷ қавме вуҷуд дошта наметавонад. Барои ҳамчун миллат шинохта шудани ҳар халқият чаҳор омили иҷтимоӣ зарур мебошад, ки яке аз онҳо соҳиби забони адабӣ будан аст. Забони миллӣ метавонад сипари маҳкаме дар муқобили буҳронҳои ҳастисӯз ва маҳвсози халқиятҳо истодагарӣ намояд. Ин нукта дар асари Пешвои миллат хеле нозукбинона дарҷ шудааст: «Забони миллӣ дар ҳама давру замонҳо шаҳпари боэътимоди ҳастии маънавии миллат аст. Дар баробари ин, забонро метавон ба шамшери тезу буррое шабоҳат дод, ки соҳибзабон ба василаи он ҳастии маънавии хешро аз ҳуҷуму ҳамлаҳои миллиятзудо ва фарҳангсӯз муҳофизат мекунад».
Ин ишораҳо мо - ҷавононро бар он водор месозанд, ки пайваста дар ҳифзу ҳимояи фарҳангу забони хеш кӯшо бошем, то забони миллии худро аз боди фарҳангсӯзу миллиятзудо эмин нигоҳ дошта тавонем ва ҳувияти миллии хешро зери хатар қарор надиҳем.
Омӯзиши асари «Забони миллат - ҳастии миллат» - и Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми мурдуми тоҷик, бахусус ҷавонон, чун обу ҳаво зарур буда, дар рушду ташаккули фарҳанги худшиносӣ ва ҳувияти миллии онҳо саҳми боризе хоҳад гузошт.
Аълохоҷа ХОЛОВ, корманди илмии Маркази мероси
хаттии Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2018    №: 244    Мутолиа карданд: 925
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед