logo

фарҳанг

ОСОРХОНАҲОИ ТАЪЛИМӢ. ИСФАРА НАМУНАИ ИБРАТ АСТ

Исфара таъриху фарҳанги бою рангин дорад. Далели равшани ин гуфтаҳо зарфи обгирии ба асри VI то мелод тааллуқдошта мебошад, ки аз Исфара пайдо шуда,  ҳоло дар толори шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёнаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.  Намунаҳои дигари коллексияҳое, ки аз гузаштаи дури шаҳр дарак медиҳанд, дар осорхонаҳои худи Исфара маҳфузанд.
Ба хотири ҳифзу нигаҳдории мероси таърихию фарҳангӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ дар сохтори муассисаҳои таълимии шаҳр осорхонаҳо таъсис ёфтаанд. Мувофиқи иттиллои шуъбаи маорифи шаҳр, айни ҳол теъдоди осорхонаҳои таълимӣ шаш ададро ташкил медиҳад.
Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 36 - и Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ бо ташаббуси Каримҷон Ҳамроев таъсис дода шудааст. Масоҳати он 20 метри мураббаъро ташкил мекунад. Дар фонди осорхона беш аз 3000 экспонат ҷамъоварию нигаҳдорӣ мешавад, ки таркиби он аз  ашёи рӯзгор, маснуоти санъати ороишию амалӣ, сиккаҳо, китобҳои нодир, ҳуҷҷатҳо, расмҳо, наворҳои видеоӣ иборат мебошад.
Осорхонаи таърихӣ - кишвар-шиносии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23 - и Ҷамоати деҳоти Ворух соли 1980 бо ташаббуси Б. Холматов ва А. Ғоибназаров бунёд шудааст. Масоҳати осорхона 60 метри мураббаъро ташкил карда, дар фонди он наздики 1000 экспонат маҳфуз аст. Дар ҷамъоварии он хонандагони муассисаи таҳсилотӣ ва аҳолии маҳаллӣ саҳмгузоранд. Асоси фонди осорхона аз маводи бостоншиносию мардумшиносӣ, сиккашиносӣ, ашёи рӯзгор, маснуоти санъати ороишию амалӣ, асарҳои рассомӣ ва расму ҳуҷҷатҳо иборат мебошад. Нодиртарин ашёи осорхона кӯзаҳои асри V - VII, санги ҷувозхона мутаалиқ ба асри VIII маҳсуб меёбад. Осорхона чорабиниҳои маърифатиро, аз қабили семинару вохӯриҳо бо олимону нависандагон ва собиқадорони ҷангу меҳнат мунтазам ба роҳ мондааст, ки дар тарбияи хонандагон таъсири мусбат мерасонад.
Осорхонаи таърихии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30 соли 1997 дар масоҳати 48 метри мураббаъ ташкил шудааст. Ашё ва коллексияи фонди осорхона инъикоскунандаи таърихи муассисаи мазкур ва ҳаёту фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнати маҳаллӣ мебошанд. Инчунин, дар осорхона ашёи бостоншиносӣ ва ҳуҷҷатҳои таърихӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Осорхонаи адабии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50 - и Ҷамоати деҳоти Ворух соли 2002 дар масоҳати 62 метри мураббаъ таъсис дода шудааст. Сарварии осорхонаро Мунира Ғоибназарова, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, ба зимма дорад. Фонди осорхона дорои 1200 экспонат мебошад. 
Бо назардошти зарурати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва мутобиқ гардондани фаъолияти осорхонаҳои  муассисаҳои таълимии кишвар ба талаботи замона зарур аст, ки осорхонаҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо биноҳои барҳавою  кушод таъмин гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шаванд. Ҳамчунин, зарур аст, ки осорхонаҳо бо шабакаи Интернет пайваст гарданд. Ҷудо намудани воҳиди алоҳидаи корӣ низ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Хуршеда МУЪМИНОВА, мудири шуъбаи фаъолияти
иҷтимоӣ - фарҳангии Пажӯҳишгоҳи фарҳанг
ва иттилоот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2018    №: 245    Мутолиа карданд: 861
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед