қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 6 августи соли 2018, № 397, ш. Душанбе Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, № 302
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар замимаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, №302 "Дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда" рақамҳо ва аломати "0,06", "0,09", "0,84", "4,0", "4,1" ва "60%" ба рақамҳо ва аломати "0,02", "0,03", "0,50", "2,5", "3,5" ва "35%" иваз карда шаванд.
2. Қарори мазкур 1 моҳ баъди интишори расмии он мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.12.2018 №: 245 Мутолиа карданд: 1136