logo

ҳуқуқ

РОҲЗАНӢ. ОҚИБАТИ ҶИНОЯТ ҶАЗОСТ

Чанде қабл ба қисми навбатдории раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оид ба сар задани ҷинояти роҳзанӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд. Бо мақсади ошкор ва муайян намудани сабабу омилҳои содиршавии ҷинояти роҳзанӣ як гурӯҳи фаврӣ - тафтишотии кормандони бахши фаврии милитсия ба ҷои ҳодиса сафарбар гардиданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса муайян карда шуд, ки ду нафар ҷавони ниқобпӯш бо истифода аз ҷиҳози электрошок ба манзили истиқоматии шаҳрванд Гулнора Чекушина ғайриқонунӣ ворид гардида, шавҳар ва духтарашро зери лату кӯб қарор доданд. Ҳолати содир гардидани ҷинояти мазкур ва дар рӯй ниқоб доштани ҷинояткорон, аз кормандони милитсияи барои ошкор ва муайянсозии шахсияти онҳо маҳорати баланди фаврӣ - тафтишотиро талаб мекард. Бо андешидани чораҳои зарурӣ ба кормандони милитсия даст дод, ки дар як муддати кӯтоҳ ҷиноятро ошкор намоянд. Зимни гузарондани тафтишоти навбатӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ шаҳрвандон Ҳувайдо Садиров, соли таваллудаш 1983 ва Рустам Файзиев, соли таваллудаш 1997, донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дастгир шуданд.
Гумонбаршудагон бо мақсади дарёфти маблағи пулӣ тамоми манзили истиқоматиро кофтуков намуда, аз онҷо 1200 сомонӣ ва як миқдор маснуоти чарчинвориро (биҷутерӣ) рабудаанд, ки бо ин амалашон ба ҷабрдидагон ҳам зарари ҷисмонӣ ва ҳам маънавӣ расонданд. Зарари расондаи роҳзанон 1600 сомониро ташкил медиҳад.
Бо дастрасии далелҳои зикргардида, айни ҳол нисбат ба  ҳодисаи мазкур тибқи талаботи моддаи 249 (роҳзанӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2018    №: 246    Мутолиа карданд: 877
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед