ҳуқуқ
ҒОРАТГАРӢ. 2300 СОМОНӢ ДУ НАФАРРО 5 - СОЛӢ БА ЗИНДОН БУРД
Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду сокини шаҳри Кӯлоб Шукрулло Шарипов ва Амриддин Шодиевро бо моддаи 248 қисми 2 бандҳои «б, в, г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғоратгарӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, бо расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд, бо истифодаи зӯроварӣ барои саломатӣ ва ҳаёт хавфнок) гунаҳкор ҳисобида, ҳар кадомеро ба муҳлати 5 сол равонаи зиндон кард.
Тафтишот муайян кард, ки судшавандаҳо Амриддин Шодиев ва Шукрулло Шарипов 1 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе аз рӯи маслиҳати пешакӣ ва нақшаи тарҳрезӣ кардаашон, бо мақсади ғоратгарӣ, яъне ошкоро тасарруф намудани молу мулки ғайр бо истифодаи зӯроварӣ барои саломатӣ ва ҳаёт хавфнок, шаҳрванд Маҳмадназаров Мустафоро дар истгоҳи нақлиётӣ вохӯрда, бо истифода аз фурсати муносиб ва фиреб бо баҳонаи ба хизмати ҳарбӣ гирифтан, ӯро ба ҷои торикӣ бурда, бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш як адад телефони мобилии тамғаи «Samsung Jl», як адад телефони мобилии тамғаи «Nokia Х1» ва маблағи пулии 1300 сомониро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд. Дар натиҷа бо ин кирдорашон ба шаҳрванд Маҳмадназаров Мустафо ба маблағи 2300 сомонӣ зарар расонданд.
Даврон АБДУРАҲИМЗОДА,
судяи суди ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.12.2018 №: 246 Мутолиа карданд: 820