фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
МАРО БА САНГ БИЗАН, МОДАР
Зан вақте ҷавон буд, задани кӯдакро маҳкум мекард ва ба худ қавл дод, ки агар рафту кӯдакдор шавад, ӯро ҳаргиз намезанад.
Вале бо гузашти айём, андак – андак назараш ба ин масъала дигар мешуд. Боре аз шӯхии ноҷои писари 4–солааш асабӣ шуда, қарор кард, ки ӯро бо химча бизанад.
Ба бача супориш дод, то химчае биорад. Писар берун баромада, хеле дер ва бо чашмони пур аз ашк ба хона баргашта гуфт: «Оча, химча наёфтам, барои ҳамин санг овардам, шумо метавонед бо он маро занед».
Модар дарк кард, ки дар тасаввуроти кӯдакаш тағйироте ба вуҷуд омадааст ва ӯ танбеҳи модарро чун ҷазо ба худ қабул карда, аз кирдори ноҷояш пушаймон шудааст.
Модар дигар илоҷ надошт. Фарзанди маъсуму дӯстдоштаи покдилашро ба оғӯш гирифт ва ҳар ду якбора гиристанд. Сангро бошад, дар рафи хона ҳамчун хотира боқӣ гузошт.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
ҲАҚҚИ ҚАЛАМ
Кӣ чӣ қадар мегирад?
Маҷаллаи амрикоии “Forbes” рӯйхати сердаромадтарин нависандаҳои ҷаҳонро нашр намуд, ки дар ҷойи аввал Ҷеймс Патерсон, нависандаи асарҳои детективӣ, қарор дорад. Чуноне иттилоъ дода мешавад, даромади солонаи ӯ 86 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Бо даромади 54 миллион доллар муаллифи китобҳо дар бораи Ҳарри Поттер Ҷоан Роулинг ҷойи дуюмро ишғол намудааст. Бояд гуфт, ки соли гузашта ин нависандаи бритониёӣ дар ҷой аввал қарор дошт.
Ҷойи сеюм бо даромади 21 миллион доллар насиби нависандаи асарҳои даҳшатзо Стивен Кинг гардидааст.
Ҳамчунин, дар рӯйхати сердаромадтарин нависандаҳои олам муаллифи триллерҳои ҳуқуқӣ Ҷон Гришэм, таълифгари романи “Код да Винчи” Дэн Браун, нависандаи асарҳои кӯдакона Ҷефф Кинни ва рӯзноманигор Майкл Вулф қарор доранд.
Таҳияи Комрон САФАР
10 САГИ МАШҲУРИ ТАЪРИХ
3. Белка ва Стрелка
Белка ва Стрелка баъди парвоз ба кайҳон хеле машҳур шуданд. Ин ҳодиса 19 августи соли 1960 рух дод. Дастгоҳи «Спутник – 5»-ро бо сагҳои бо номи Белка ва Стрелка барои озмоиш ба кайҳон фиристоданд. Дар дохили он, инчунин, 40 муш ва 2 калламуш буд.
Белка ва Стрелкаро аз байни 12 саг интихоб намуда, барои парвоз омода сохтанд. Парвоз 25 соат идома ёфт. Дар ин муддат киштии кайҳонӣ 17 маротиба дар атрофи Замин давр зада, рӯзи дигар, яъне 20 август, дар ҷойи муайяншуда ба замин фуруд омад.
Дар таърихи инсоният ин аввалин парвози муваффақонаи ҳайвонот ба кайҳон буд ва саҳме, ки онҳо дар рушди кайҳоннавардӣ гузоштанд, хеле бузург аст. Зеро дар натиҷаи маълумоти бадастомада муяссар гашт, ки инсонро барои парвоз ба кайҳон омода созанд.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА
ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.
Харидории матоъ
Зӯҳро ҳамроҳи дугонааш Мастура аз бозор 100 метр матоъ харида, пулашро якҷоя доданд. Азбаски Зӯҳро қисми зиёдтари маблағи матоъро дода буд, қисми матои ба Мастура тааллуқдошта 5/7 ҳиссаи қисми матои Зӯҳроро ташкил кард. Муайян намоед, ки дарозии ҳар як қисми матои харидашуда чанд метрӣ аст?
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
93-547-00-05 Вайбер, Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 – 40
КӮДАКОНЕ, КИ ҶАҲОНРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДААНД. ИТАН БОРТНИК
Лаёқати як кӯдак
Итан ба рӯйхати «Кӯдакони болаёқати ҷаҳон» шомил аст. Ӯ на танҳо пианинонавоз, балки ҳунарманди кино ва оҳангсози хуб низ мебошад. Дар сесолагӣ аллакай клавесин (асбоби мусиқии қадимаи пианиномонанд) навохтанро омӯхта, дар синни панҷсолагӣ мустақилона асари мусиқӣ меофарид. Аввалин консерташро дар шашсолагӣ пешкаши ҳаводорони мусиқӣ гардонд.
Дар «Китоби рекордҳои Гиннес» чун ҷавонтарин иҷрокунандаи мусиқӣ ворид шудааст. Писарак хотираи хеле қавӣ низ дорад. Қодир аст 200 мусиқии офаридаашро ба тартиб номбар намуда, онҳоро бехато навозад. Бо вуҷуди он ки дар ҷаҳон хеле маълуму машҳур аст, худро ситора намехонад. Аз он ки ӯро ситораи ҷавон ном мебаранд, хушаш намеояд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
«ХУДКУШӢ»-И ТВЕН
Боре аз нависандаи машҳури амрикоӣ Марк Твен пурсиданд:
- Шумо ягон бор қасди худкушӣ кардаед?
- Бале,- бо ҷиддият мегӯяд ӯ.- Ҳамагӣ як маротиба. Вақте дар Москва будам, аз шумхабари ногаҳоние ихтиёр аз даст додам ва хостам худкушӣ кунам.
- Илтимос, муфассалтар нақл кунед. Чӣ гуна хостед худкушӣ кунед?
- Қарор додам, аз пули Кузнетс («Кузнецкий мост») парида, ғарқ шавам.
Ҳазли намакини Твен дар ин аст, ки «Кузнецкий мост» гуфта, ӯ кӯчаеро дар назар дошт, ки худаш як замоне зиндагӣ мекард ва дар ин кӯча на танҳо пулу дарё, балки як қатра об ҳам барои ғарқшавӣ вуҷуд надорад.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА
БАРФ Ё ТАРБУЗ?
Тобистони соли гузашта, дар қаторкӯҳҳои Калифорния Сиера – Невада барфе борид, ки ба тарбуз шабоҳат дошт, вале ҳаҷман хурд.
Аҷобати барф дар ин буд, ки он ранги гулобӣ дошт ва бӯю таъми тарбузро ба ёд меовард. Олимон муайян карданд, ки дар таркиби он обсабз ва пигментҳои сурхшуда мавҷуд будаанд. Маҳз онҳо ба барф накҳати махсус додаанд.
Таҳияи Кароматулло АТО
СЕРХАРИДОРТАРИН КИТОБҲОИ САДАИ ХХ
Инҷо сухан дар бораи нашри китобҳои аз ҳама серхаридор меравад. Мумкин аст бо бовар таъйид намуд, ки китобҳои аз ҳама зиёд бафурӯшрафтаи асри ХХ асарҳои серхаридортарини дунё маҳсуб мешаванд.
«Шоҳзодаи хурдакак»
Шоир, нависанда ва рӯзноманигори фаронсавӣ Антуан Сент Экзюпери ҳамчун муаллифи муваффақ дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Экзюпери тӯли 44 соли зиндагии хеш дар соҳаҳои гуногун фаъолият карда, ҳатто замоне сарнишини ҳавопаймо низ будааст.
Вале, дар афсонанависӣ Экзюпери истеъдоди нотакрор дошт. Баъди нашри китоби афсона барои кӯдакону калонсолон бо номи «Шоҳзодаи хурдакак» шуҳраташ бамаротиб афзуд.
«Шоҳзодаи хурдакак» 1 сол қабл аз марги муаллиф (соли 1943) дар шаҳри Ню - Йорк таълиф ёфтааст. Китоби мазкур қариб ба тамоми забонҳои дунё тарҷума шудааст. То ин дам 140 миллион нусхаи он дастраси хонандагон гардид, ки ин ҳоло хотимаи кор нест.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
10 ҶОНВАРИ ОБИЕ, КИ НОТАКРОРАНД
6. АРРАМОҲӢ
Аз 25 то 35 ҷуфт дандонҳои тез сабаб шуда, ки ин ҷонвари обиро аррамоҳӣ ном гузоранд. Дарозии он 10 метр ва вазни баъзеи онҳо қариб 3 тонна мебошад. Бо вуҷуди азимҷуссагию дандондорӣ, табиат аррамоҳиро ботамкину ором офаридааст. То кордораш нашаванд, вай низ озор намерасонад.
Аммо шуда ҳолатҳое, ки ба «асаб» - и аррамоҳӣ расидаанд ва он сими ғафсро ба осонӣ бурида, танаи металлии заврақҳоро шикофтааст. Маълумоти ҷолиби дигар ин аст, ки аррамоҳӣ мисли моҳиҳои дигар тухм намегузорад. Вай якбора 35 – 40 моҳичаи зинда таваллуд менамояд.
Воқеан, аз ҷигар ва пӯсти ин моҳӣ ҳар гуна маснуоти саноатӣ тайёр мекунанд, ки гаронарзиш мебошанд.
Таҳияи Б. БАҲОДУР
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ДАСТАИ «ШОҲОНА»
Эл Классико - ин бозии махсус миёни клубҳои «Барселона» ва «Реал» - Мадрид мебошад. Аввалин Эл Классико дар таърихи футбол 13 майи соли 1902 сурат гирифта, бо ҳисоби 3:1 бар фоидаи дастаи «Барселона» ба анҷом расид. Дар 163 бозии Эл Классико «Реал» - Мадрид 68 маротиба пирӯз, 64 маротиба мағлуб гардида, 31 бозии худро мусовӣ анҷом додааст.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ
ОЁ МЕДОНЕД?
ОДАМОНИ ЗЕБО КАМТАР БЕМОР МЕШАВАНД
Олимон байни 15 ҳазор ихтиёрии аз 24 то 35–сола таҳқиқоти гуногун гузаронданд.
«Одамони зоҳиран зебо нисбатан камтар аз бемориҳои гуногун азият мекашанд», - ба чунин хулоса омадаанд гурӯҳи олимони амрикоӣ.
Коршиносон муайян карданд, ки одамони зоҳиран зебо зиёдтар умр мебинанд, вале ин дар бисёр ҳолат аз ҳаҷми ҷисми онҳо вобаста аст. Дар ҳамин ҳол, мутахассисон муайян карданд, ки одамони зебо камтар ба диабети қанд ва диққи нафас гирифтор шуда, дар онҳо амалан рӯҳафтодагӣ мушоҳида намешавад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
АСРОРИ ТАХАЛЛУСИ «ЛЕНИН»
Баҳори соли 1901 Владимир Улянов тахаллуси «Николай Ленин»-ро гирифт. Олимон дар мавриди аз куҷо пайдо шудани ин тахаллус фарзияҳои гуногун доранд. Масалан, топонимӣ (номи маҳалҳо) ё аз рӯди Лена ва ё аз деҳаи хурди Ленин дар наздикии Берлин. Баъзе олимон сарчашмаи ин тахаллусро олиҳаи ишқу зебоӣ медонанд. Масалан, зебосанами Қазон Елена Ленина ном доштааст.
Фарзияи нисбатан ҷолибтар ба нависанда Михаил Штейн иртибот дорад. Вай мегӯяд, ки авлоди Ленинҳо аз казак Посник ибтидо мегирад, ки дар асри XVII барои хизматҳояш дар ишғоли Сибир ва ташкили манзилгоҳҳои зимистонгузаронӣ дар атрофи рӯди Лена унвони дворянӣ ва исми хонаводагии Ленин додаанд.
Наслҳои сершумори ояндаи вай ҳам дар хизмати ҳарбӣ корнамоиҳо кардаанд. Яке аз онҳо Николай Егорович Ленин аст, ки то ба рутбаи мушовири мулкӣ расидааст. Вай солҳои 80-уми асри XIX ба истеъфо баромада, муқими губернияи Ярославл шудааст ва дар ҳамин ҷо соли 1902 фавтидааст.
Ҳамчун нишони эҳтироми махсуси падар ба Улянов, фарзандони Ленин тасмим гирифтанд ба Владимир Илич шиносномаи падарро диҳанд. Албатта, санаи таваллуд-ро дигар кардаанд. Ин ҳуҷҷат солҳои пинҳонкорӣ ба Улянов ёрии зиёд расондааст.
Таҳияи Умар АЛӢ
ГАНҶИ ШОЙГОНИ КИШТИҲОИ ҒАРҚШУДА
Садамаи Whydah Gally
Whydah Gally — нахустин киштии роҳзанҳост, ки ганҷкобон пайдо карданд. Он ба “чемпион”-и роҳзанҳои баҳрӣ Сэмюэл Беллами бо лақаби Сэми Сиёҳ тааллуқ дошт, ки давоми як сол дар баҳри Кариб бештар аз 50 киштиро ғорат карда буд. Ба гуфте, Сэм дар киштии бодбондори Whydah Gally, ки моҳи марти соли 1717 ғасб карда буд, тамоми ғаниматашро маҳфуз медошт. Аммо киштиро тӯфон ба соҳил бурда, ба пастоб партофт. Он чаппа шуду шикаст. Аз 146 нафари дар киштӣ буда, ҳамагӣ ду кас зинда монданд.
Ганҷкоби машҳури амрикоӣ Барри Клиффорд Whydah Gally-ро соли 1982 ҳамагӣ чандсад метр дуртар аз Кейп-Код, дар соҳили Флорида, пайдо намуд. Аз он ба маблағи тақрибан $15 миллион реги тилло, тангаҳои қадима ва силоҳ бадар оварданд.
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД
ДОРОТАРИН БОНУВОНИ ҶАҲОН
МАРГАРИТА ЛУИ - ДРЕЙФУС
Ин бонуи фаронсавӣ 55 сол дошта, дороияш 5, 3 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Номи аслии вай Маргарита Богданова буда, аҳли Россия аст. Ӯ бо марди фаронсавӣ хонадор шуда, мақоми арзандаеро ба даст оварду дар доираи нафарони обрӯманди Фаронса ва Аврупо зуд шинохта шуд. Бо ҳамин насаб дар қатори занони сарватмандтарини дунё қарор гирифт. Аммо шавҳараш вафот намуд. Сарвати шавҳар - ширкат ва клуби футболбозон бо номи «Олимпик» ба ӯ ба мерос монд.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
РУСТАНИИ ДАР ГӮШ САБЗИДА
Духтарчаи шашсолаи исроилӣ аз дарди ҷонкоҳи гӯш ба падар шикоят овард. Табибони шуъбаи «Ёрии таъҷилӣ»-и беморхона аз натиҷаи ташхис бисёр ҳайратзада шуданд: сабаби дард тухми ҷавдор будааст, ки дар гӯши кӯдак аллакай реша давондааст. Чанд рӯз пеш аз ин воқеа, духтарак зимни бозӣ нохост донаро ба гӯшаш андохтааст. Дар муҳити гарму нарм дона сабзида, боиси дарди шадиди гӯш гаштааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ УЕФА
Лигаи қаҳрамонҳо бузургтарин мусобиқоти аврупоӣ маҳсуб мегардад ва созмондиҳандаи он барои дастаҳои беҳтарини Аврупо УЕФА (Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо) мебошад. Вобаста ба ҷои ишғолкарда дар ҷадвали коэффитсиентҳои УЕФА ҳар кишвар аз як то чор дастаро пешниҳод менамояд.
Мусобиқот аз чанд марҳила иборат аст ва аз чор раунди квалификатсионӣ шурӯъ мегардад. Дастаҳо бояд ду бозиро (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом диҳанд. Ғолиб аз рӯи натиҷаи ду дидор ба раунди баъдии квалификатсионӣ роҳхат мегирад. Ҳамаи марҳилаҳои квалификатсиониро гузашта, дастаҳо ба бозиҳои гурӯҳӣ мерасанд, бо он тимҳое, ки мустақиман ҳамроҳ мегарданд. Пас аз қуръакашӣ, дастаҳо ба 8 гурӯҳи 4 тими ҷудо мешаванд ва баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ ба даври плей-офф бошгоҳҳои мақоми якуму дувумро ишғолкарда мебароянд ва дастаҳои ҷойи сеюмро соҳибгашта дар бозиҳои 1/16 финалии Лигаи Аврупо ширкат мекунанд. Марҳилаи баъдӣ қуръакашии 1/8 финалӣ мебошад ва шароити баргузории он чунин аст:
• Намояндагони як кишвар ва ё як гурӯҳ набояд бо ҳам бозӣ кунанд.
• Ғолибони гурӯҳ бо дастаҳои мақоми дувумро соҳибшуда зӯр меозмоянд.
• Ҷойҳои аввалро бадастоварда дидорҳои аввалинро дар меҳмонӣ мегузаронанд.
Дастаҳо дудидорӣ анҷом медиҳанд ва баъд ба марҳилаи 1/4 ниҳоӣ мерасанд. Пас аз чорякфинал, нимфинал вохӯрии финалӣ дар майдони бетараф доир мегардад. Варзишгоҳи бозии финалӣ қаблан аз тарафи комиссияи УЕФА бо дарназардошти дархости довталабон муайян мешавад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.12.2018 №: 247 Мутолиа карданд: 997