logo

фарҳанг

САЙИДО. КАМНАЗИРТАРИН ШАХСИЯТИ АДАБӢ

Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Миробид Сайидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, меҳмонону олимон аз Фаронса, Россия, Эрон, Афғонистон, Канада, Ҳиндустон, Ӯзбекистон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода аз сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат ёдовар шуда, таъкид намуд, ки гиромидошти ниёгон, тарғибу ташвиқи осори гаронмояи эшон ва тавассути ин баланд бардоштани рӯҳияи худшиносии ҷомеа аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат аст. Мо дар он вақт ба падидаву офаридаҳои маърифатии халқҳои дигар арҷ мегузорем, ки адабиёти худро беҳтару хубтар дарк намоем.
Шамсиддин Орумбекзода аз ҳунару ҳунармандони замони Сайидои Насафӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки шоир Сайидо аз камназиртарин шахсиятҳои адабии мост, ки тарғиби меҳнати ҳалол карда, ташвиқ ҳам намудааст, ки ризқи худро ҳунарманд аз пушти ҳунар меёбад:
Рӯ намеорад ба хони ҳеҷ кас соҳибҳунар,
Боғбон ризқи худ аз пушти гулистон мехӯрад.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Сайидо дар бораи рӯзгору осори ҳунармандони замонаш маълумоти пурқимат дода, асари «Шаҳрошӯб» офаридааст. Тавассути ин асар ному санъати садҳо навъи касбу ҳунар ва 112 намояндаи онҳо то ба мо расида, ҳамчун падидаи тозаю омӯхтанӣ дар адабиёти тоҷик эътироф гардидааст.
Профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев баён дошт, ки «Шаҳрошӯб» - и Сайидо асари миниатюриест, ки дар он ду мавзӯи тавъам – истеҳсолӣ ва лирикӣ дар шакли ниҳоят хурди бадеӣ ҳал шудааст.
Олими ҳиндустонӣ Мансура Ҳайдар дар мавриди ғазалҳои намакину ноби шоир ҳарф зада, аз ҷумла чунин гуфт: «Ашъори Сайидо аз сабаби содаву равон ва дилпазиру гӯшнавоз будану матлабу мазмунҳои ҳаётӣ доштан, ҳанӯз дар замони зиндагияш таваҷҷуҳи ҳамзамононро ба худ ҷалб намуда буд. Ғазалҳои зиёдашро ба оҳангҳои «Шашмақом» ҷӯр намуда, месуруданд. Яъне, шоир тавассути адабиёт ба тарбияи хосу ом пардохта буд».
Имрӯз низ ғазалҳои «Гар ба чашми мо намеойӣ, ба қалби мо биё», «Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд», «Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр», «Шамъаму пайваста дар рагҳои ҷонам оташ аст» ва дигар чакидаҳои хомааш тавассути созу наво ҳамарӯза меҳмони дилу дидаҳост.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2018    №: 247    Мутолиа карданд: 944
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед