фарҳанг
2018. СОЛЕ, КИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ЭҲЁ ШУДАНД
Баъди аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи занону духтарон ба омӯзиш ва эҳёи ҳунарҳое, ки ҳазорсолаҳо қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, аз пештара бештар гардид.
Бибимоҳ Мансурова аз зумраи занони ҳунарманди ноҳияи Кӯшониён аст, ки бо ҳунари гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва чанде дигар дар байни сокинон ноҳия ва минтақа шуҳрат пайдо кардааст. Тавре худи ӯ мегӯяд, аз хурдӣ кашидани ҳар гуна нақшу нигорро дар рӯйи матоъҳо дӯст медошт ва барои худ бо диди кӯдакона куртаҳои гулдӯзӣ медӯхт. Ҳамин шавқу рағбат буд, ки ӯро ба орзуяш расонд.
Мавсуф иброз дошт, ки аз соли 2010 ӯ имкон пайдо кард, ки ба ин касб бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Бо дастгирии раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия аз соли 2016 то имрӯз дар хонааш курси кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ташкил намуда, занону духтарони хонашинро барои омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ ҷалб мекунад. Бонувони деҳот баъди омӯхтани нозукиҳои ҳунарҳои аҷдодӣ соҳиби сертификат ва шаҳодатнома мегарданд. Шогирдонаш бо маҳсули дастони хеш борҳо дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.
- Соли равон Президенти кишвар ҳангоми ба вилояти Хатлон ташриф оварданашон аз ноҳияи Кӯшониён низ дидан карданд. Зимни ин сафар аввалин даврие, ки ҳамроҳи занону духтарони деҳот дӯхта будем ба маъраз гузоштем. Дар он манзараҳои зебои кишварамон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” тасвир ёфта буд. Он на танҳо диққати меҳмонони дохилӣ, балки хориҷиро низ ҷалб намуд. Ҳангоми вохӯрӣ Сарвари давлат ба мо - бонувон супориш доданд, ки ин давриро барои худ нигоҳ дорем. Ба ҳамин хотир, онро то ҳол дар хона маҳфуз медорам. Мо - бонувони ҳунарманд ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат кӯшиш мекунем, ки дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзандаи хешро гузорем, - мегӯяд Бибимоҳ Мансурова.
Маҳмуд БАҲРОМ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.12.2018 №: 247 Мутолиа карданд: 875