logo

ҳуқуқ

ҶИНЯТ ва ҶАЗО

ҚАЛЛОБӢ
Боздошти адвокат
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни амалиёти фаврӣ - тафтишотӣ Исроилова Жанна Ҷалоловна, адвокати коллегияи адвокатҳои “Адл” - и шаҳри Душанберо бо ҷурми гирифтани пора дастгир карданд. 
Аз рӯи иттилои дафтари матбуоти агентӣ 15 октябри соли равон шаҳрванд “А” ба агентӣ муроҷиат намудааст, ки Жанна Исроилова барои ба манфиати ӯ ҳал намудани баҳси шаҳрвандӣ вобаста ба манзили истиқоматӣ, ки дар суди шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дорад, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ давоми соли 2014 маблағи 8300 доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиаташ ягон амалро иҷро накардааст.
Илова бар ин, номбурда аз шаҳрванд “А” овардани маблағи 2500 доллари дигар талаб намуда, аз ин миқдор 15 октябри соли равон 5000 сомонӣ гирифта, овардани боқимонда 2000 долларро талаб намудааст.
Жанна Исроилова баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи боқимонда маблағи 2000 доллари амрикоӣ дар ҷои ҳодиса дастгир шуда, нисбат ба ӯ бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, санҷиши пешакӣ дар арафаи анҷомёбист.

10 000 СОМОНӢ ПОРА
Раиси заминфурӯш ба даст афтод
Раиси Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич Отабойзода Комил Умурбой ҳангоми гирифтани пора барои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шуд.
Тибқи иттилои агентӣ Комил Отабойзода моҳи августи соли 2018 дар утоқи кориаш аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан, ҷиҳати ба номи шаҳрвандон “А” ва “Б” аз ҳудуди заминҳои деҳаи Истиқлоли ҷамоати мазкур ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ маблағи 10 000 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст.
Дар ин раванд К. Отабойзода ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ моҳҳои август - октябри соли 2018 дар ду маврид аз шаҳрванд «А» 7000 сомонӣ гирифта, овардани маблағӣ боқимондаро дар ҳаҷми 3000 сомонӣ талаб кардааст.
19 октябри соли 2018 вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба К. Отабойзода бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, бо гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - тафтишотӣ номбурда баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи боқимонда дастгир ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2018    №: 248    Мутолиа карданд: 1212
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед