президент
Президент ба интишор ва фурӯши саҳмияҳои Роғун таваҷҷӯҳ зоҳир сохт
7 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат ва дигар шахсони масъул оид ба омодагӣ ба интишор ва фурӯши саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун машварати корӣ доир намуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили интишори саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун, роҳҳои ба харидорон пешниҳод намудани онҳо ва ҳамчунин ҳуқуқи саҳмиядорон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, дастур дод, ки саҳмияҳо бо сифати баланди хоси коғазҳои қиматнок чоп карда шаванд ва харҷи ҳадафманди маблағҳои ҷамъшуда зери назорати қатъӣ қарор бигирад.
Бо назардошти шумораи зиёди хоҳишмандоне, ки ғайр аз хариди саҳмияҳо омодаанд ба суратҳисоби нерӯгоҳи Роғун маблағҳои хайрия равона созанд, дастур дода шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар назди филиалҳои маҳаллии бонкҳо, марказҳои қабули маблағҳои хайрия кушода шаванд.
Бо дархостҳои сершумори тоҷику тоҷикистониёни бурунмарзӣ супориш дода шуд, ки механизми қабули маблағҳои хайрия ва фурӯши саҳмияҳо ҳамчунин дар кишварҳои хориҷӣ муайян шавад.
Аз мардуми мамлакат бори дигар даъват шуд, ки аз ҳисоби кам кардани хароҷоти маъракаҳои хурсандӣ ва дигар расму ойин ҳарчи бештар дар маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун саҳмгузорӣ намоянд.
Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати маориф, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифадор шуданд, ки дар тарғибу ташвиқи ҳадафманди мардум ба саҳмгузорӣ дар бунёди ин нерӯгоҳи тақдирсоз фаъол бошанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3773