ҳуқуқ
ОИЛА ВА ТАРБИЯИ АХЛОҚИЮ МАЪНАВИИ КӮДАК
Кӯдакону наврасон як қисми бонуфузи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд ва онҳо ояндаи давлату миллат мебошанд. Бинобар ин, дар роҳи дуруст ба камол расондани онҳо набояд саҳлангорӣ намуд, зеро ҷузътарин амали беэътиноӣ нисбат ба тарбияи онҳо метавонад оқибатҳои сангини ногуворро ба бор оварад. Имрӯз амалу кирдори кӯдакон моро водор месозад, ки доир ба пешгирии ҷинояткорӣ ва шароиту омилҳои ба он таъсиркунанда чораҳои зарурӣ андешем.
Пеш аз ҳама, бояд сабабҳо ё ҳолатҳое, ки боиси даст ба ҷиноят задани наврасон мегарданд, муайян шуда, онҳо ба таври ҷиддӣ таҳлил карда шаванд.
Муҳим будани оила маҳз дар он ифода меёбад, ки нигоҳдорандаи арзишҳои волои маънавӣ ба ҳисоб меравад. Ба ташаккули шахсияти кӯдак шароиту муҳити оилавӣ, ба монанди тарзи тарбия ва сатҳи дониш, имконоти моддӣ, таҷрибаи ҳаётӣ ва касбии волидон, шумораи аъзоёни он, фазои муносибатҳо дар оила, ташкили фароғат, урфу одат ва маросимҳои баргузоршаванда таъсир расонда метавонанд. Арзишҳои волои маънавие, ки дар ҷараёни тарбия ба кӯдак талқин карда мешаванд, барои ӯ он вақт аҳамият пайдо мекунанд, ки онҳо бо мавзӯъҳои шавқовар, нав ва таъсирбахш алоқаманд карда шаванд.
Зуҳуроти манфие, ки дар ҷомеа пайдо шудаанд, метавонанд ба фазои оилавӣ, яъне ба муносибатҳои волидону фарзандон низ таъсир расонанд. Пошхӯрии оилаҳо ва ҷудо зиндагӣ кардани волидон ба тарбияи кӯдак низ таъсири манфӣ мерасонад. Зараре, ки ба фарзанд ҳангоми ҷудошавии оилаҳо расонда мешавад, баъзан то охири умр ҷуброн карда намешавад. Оқибати ҷудошавии оилаҳо боиси паст шудани сатҳи умумии зиндагии онҳо низ мегардад ва рӯи ҳам рафта фазои вазнине ба вуҷуд меояд, ки кӯдак ночор дар он зиндагӣ мекунад. Волидоне, ки байни худ муноқиша ва якдигарро таҳқир ҳам мекунанд, кӯшиш доранд кӯдаконро ҳар кадоме вобаста ба ақидаашон ба тарафи худ кашанд. Ин амал хонаводаро ҳамчун институти муҳими муносибатҳои байниҳамдигарӣ носозгор ва беқурб месозад.
Маҳз ҳамон лаҳзае, ки ҳисси ҳимоя дар оила кифоя нест, кӯдак ба гурӯҳи ҳамсолони худ муроҷиат менамояд. Қисми муайяни кӯдакон аз оилаҳои носолим иззату ҳурматро нисбат ба волидонашон хеле барвақт гум мекунанд. Ҳангоми норасоии диққат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки онро дар доираи ҳамсолон дарёбанд. Дар аксари ҳолатҳо чунин гурӯҳҳо боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуше, ба мисли оворагардӣ, майзадагӣ ва нашъамандӣ мешаванд.
Мутаассифона, то ҳоло мафҳуми «ҷамъияти ҳамсолон» дуруст ва ҳамаҷониба шинохта нашудааст. Ба ақидаи баъзеҳо доираи васеи рафторҳои пуч ва арзишҳои ночизе, ки онҳоро барғалат фарҳанги ҷавонӣ меноманд, дар бар мегирад. Дар ҳамин радиф, аз ҷониби мо бояд роҳҳои пешгирӣ намудани ҷиояткории ноболиғон муайян шаванд, то омилҳои манфие, ки боиси даст ба ҷиноят задани ноболиғон мегардад, аз байн бардошта шаванд. Табиист, ки даст ба ҷинояткорӣ задани ноболиғон барои ҷамъият хавфи калон дорад.
Р. ИСКАНДАРЗОДА, муовини раиси
суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.12.2018 №: 248 Мутолиа карданд: 884