logo

фарҳанг

"ИЛМ ДАР ТОҶИКИСТОН" ВА СОЛНОМАНИГОРИИ СОҲАВӢ

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани тарғиби дастовардҳои назарраси олимон ва пажӯҳишгарони ҷумҳурӣ аз ҷониби Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳо дастури нави библиографӣ зери унвони «Илм дар Тоҷикистон: Солнома» ба нашр расид. Чуноне ки аз дебочаи феҳристи мазкур бармеояд, маводи библиографӣ дар асоси захираи нусхаҳои ҳатмии осори чопии ба фонди китобхона воридгардида, аз ҷумла китобу мақолаҳои олимон ва фаъолияти илмии муассисаҳои Академияи илмҳо дар соли 2017 мураттаб гардидааст.
Феҳристи «Илм дар Тоҷикистон» асосан тафсири библиографии осори чопии монографияҳо, маҷмӯаҳо, мақолаҳо аз матбуоти даврӣ ва фишурдаи суханрониҳо дар конференсияҳои илмии ватанӣ ва хориҷиро инъикос менамояд. Ҷобаҷогузории адабиёт дар ин дастури библиографӣ дар асоси ҷадвали таснифоти универсалӣ сурат гирифта, дар дохили шуъбаҳо мавод аз рӯи шакли нашр, забон ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбои ному насаби муаллифон ва унвони асарҳо мураттаб гардидаанд. Унвони ҳамаи нашрҳо ба забони асл ва тибқи стандарт тасвир ёфтаанд.
Феҳристи «Илм дар Тоҷикистон» ягона сарчашмаи библиографии илмӣ - ёрирасон барои дарёфти маводи чопӣ ба шумор меравад. Ҷои таассуф аст, ки библиографони ватанӣ дар нашри чунин дастурҳо аз сабаби набудани сарпарастон танқисӣ мекашанд. Бинобар ин, феҳристи мазкур бо теъдоди кам чоп шудааст, ки он ҳатто барои таъмин намудани китобхонаҳои универсалӣ, оммавӣ, илмӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таълимии олӣ басанда нест. 
Сайзароб НАДИРОВ,
Нуралӣ ҲИКМАТОВ,
кормандони Китобхонаи
миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2018    №: 248    Мутолиа карданд: 805
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед