logo

маориф

МТМУ № 46. МУШКИЛОТ ҲАМОНО БОҚИСТ

Тавре хонандагони рӯзнома огоҳанд, «Ҷумҳурият» таҳти унвони «МТМУ № 46. Офтобро бо доман пӯшонда намешавад» матлаб чоп намуда, аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки таълимгирандагони ин муассиса, воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз равандҳои навсозӣ дар канор мондаанд.
Аз синфхонаҳои тангу торик, фарш, мизу курсиҳои шикастаи ин муассисаи таълимӣ чанд акс низ чоп шуда буд. Ростӣ, гумон доштем, ки ҳадди ақал баъди чопи матлаб мушкилоти ин муассисаи таълимӣ бартараф ва барои наврасони маҳалла шароити лозимии таҳсил фароҳам мегардад. Аммо, афсӯс чунин нашуд. Ба масъалаи мазкур то ҳол касе таваҷҷуҳ накардааст. Агарчи аз чопи матлаб ёздаҳ моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, масъулон то ин дам барои ҳалли мушкилоти зикршуда чорае наандешидаанд. Тавре Солеҳ Аймуродов, иҷрокунандаи вазифаи директори мактаб, мегӯяд ҳоло масъулон чун солҳои пешин бобати дар ояндаи наздик навсозӣ шудани муассиса ваъда медиҳанду мераванд. Аз ин ваъдабозиҳои онҳо  чунин ба назар мерасад, ки ҳатто кӯшишу хоҳиши ҳал намудани  камбудиҳои  дар ин самт ҷойдоштаро надоранд. Агар чунин намебуд, кор тамоман ранги дигар мегирифту барои таҳсил ва беҳтар  кардани  сифати таълиму тарбияи хонандагони ин муассисаи таълимӣ кайҳо шароити зарурии таълим фароҳам оварда мешуд.
Мутаассифона, то ҳол дар ин муассиса, ки ҳамагӣ даҳ синфхона ва 744 хонанда  дорад, норасоии ҷойи нишаст ҳалношуда боқӣ мондааст. Дохили мактаб ҳанӯз ҳам манзараи ниҳоят ногувор дошта, синфхонаҳои тангу торик ва фаршҳои шикас-та солҳост, ки ба рафти таълим халал ворид месозанд. Дар хусуси синфхонаҳои кимиё, биология ва омодагии дифои ҳарбӣ ҳоҷати сухан гуфтан нест. Дар ин синфхонаҳо ба ҷуз чанд овеза ягон аёният ва ё лавозимоте, ки барои таълими ин фанҳо зарур бошад, вуҷуд надорад.
Истифода аз компютер низ маҳз бо сабаби хурд будани синфхонаҳо маҳдуд аст. Аниқтараш аз 42 компютери ба муассиса ҷудошуда танҳо як қисми он истифода мешаваду боқимонда дар гӯшае бекор хобидаанд. Китобхонаи мактаб ҳам бинои алоҳида надорад, то имрӯз китобҳо дар вагон нигоҳ дошта мешаванд.
То ба кай хонандагони ин муассиса дар чунин шароит таҳсилро давом медиҳанд? Ин савол ҳанӯз ҳам ҳалношуда боқӣ монда, бошандагони маҳалла ва муҳимтар худи хонандагон интизоранд, ки масъулон кай ба ҳалли ин масъала ҳамовозӣ нишон медиҳанд?!
Мавзӯъ ҳатман пайгирӣ хоҳад шуд!
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2018    №: 248    Мутолиа карданд: 830
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед