иқтисод
ХОРУҒ. ТАЪМИНОТ БО ОБИ ОШОМИДАНӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД
Корҳои сохтмонии марҳилаи дувуми лоиҳаи таъминсозии шаҳри Хоруғ бо оби ошомиданӣ оғоз ёфтанд.
Дар маросими оғози тадбиқи лоиҳа, ки дар маҳаллаи Дашти Болои шаҳр баргузор гардид, иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони асосии пешниҳоди судманди сатҳи ҷаҳонӣ дар самти пешгирӣ аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ба шумор рафта, татбиқи пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ давоми 10 соли оянда ба манфиати кулли сокинони сайёра хоҳад буд.
Агар 10 сол пеш дастрасии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба оби нӯшокӣ 47 дарсадро дар бар мегирифт, имрӯз ин нишондиҳанда 80 дарсадро ташкил медиҳад. Танҳо дар чанд соли охир барои дастрасии беҳтари сокинони шаҳр ба оби тозаи ошомиданӣ 4 миллион доллар сарф шуд, аммо ҳанӯз ҳам камбуди оби ошомиданӣ ба назар мерасад. Ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба он ҷаҳду талош доранд, ки ҳар чи зудтар ин мушкили сокинони кишвар, аз ҷумла шаҳри Хоруғро ҳал намоянд. Раиси вилоят бо итминони комил гуфт, ки баъди ду сол сокинони шаҳр чи будани беобиро комилан фаромӯш мекунанд.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ сокинону меҳмонон ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Маблағгузори лоиҳа Ҳукумати Швейтсария буда, он тасмим гирифтааст, ки дар масофаи 2,7 километр тавассути қубури қутраш 150-миллиметра аз шоҳқубури Боғевдара то маҳаллаи Хичордев хати оби нӯшокиро пайваст намояд. Роҳбари дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон Валбург Рус таъкид дошт: «Дар муҳлати кӯтоҳтарин лоиҳаро бо сатҳу сифати баланд ба анҷом мерасонанд. Он беш аз 5,5 ҳазор аҳолии шаҳр ва 100 идораву муассисаҳояшро дар бар мегирад ва бо татбиқи пурраи он аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мешаванд».
Дар доираи лоиҳа, ҳамчунин, роҳи мошингард ба масофаи 750 метр бунёд мешавад, ки рафтуомади сокинони маҳаллаи Дашти Болоро тавассути ин масир наздик месозад. Аз сӯи дигар, бунёди зинапоя сокинонро аз хатари эҳтимолии сангфароӣ ҳифз мекунад. Амалисозии лоиҳаи мазкурро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помир-энергосервер» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонроҳсоз»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма доранд. Дар марҳилаи аввал 50 нафар сокинони шаҳр ба кор ҷалб мешаванд. Лоиҳа то моҳи июни соли 2019 бояд анҷом ёбад. Барои бунёди хати оби нӯшокӣ 1,4 миллион сомонӣ маблағи шарикони рушд равона шудааст.
Раҳмони ГУЛЗОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.12.2018 №: 248 Мутолиа карданд: 988