logo

фарҳанг

ОБ ВА АРЗИШИ БУЗУРГИ ОН ДАР ОСОРИ НИЁГОН

Дастрасӣ ба об ва бузургдошту истифодаи оқилонаи он дар тӯли таърихи башарият масъалаи муҳими рӯзгор  ҳамвора матраҳ шудааст. Дар замони муосир  таъминоти аҳолӣ ба об боз ҳам мураккаб гардид, ки ин ҳолат инсоният ва табиатро ба мушкилоти пай дар пай дучор сохтааст. Дар ин маврид, халқи тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи баланди башардӯстона аз худ нишон дода истодааст. Бар  асоси пешниҳоди Президенти мамлакат моҳи  декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи A/RES/71/222 - ро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” бо ҳамовозии  177 кишвари узви созмон қабул намуда, барои ҳамкории устувори давлатҳо, ҷиҳати рафъи мушкилоти вобаста ба об, заминаи воқеӣ гузошт.
Ташаббуси  наҷиби инсондӯстона гувоҳи он аст, ки бузургдошти об ва сарфакорию покиза нигоҳ доштани он яке суннатҳои ниёгон дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад. Об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат, ки тамоми соҳаҳои зиндагии инсон аз таваллуд то марг, ба он алоқаманд аст, дар ҳама давру замон диққати олимону адибонро ба худ ҷалб намудааст.  Дар эҷодиёти олимони машриқзамин доир ба мавқеи об дар зиндагии рӯзмарраи инсон фикру ақидаҳо ва далелҳои зиёдро пайдо кардан мумкин аст, ки то кунун арзиши илмию амалии худро гум накардаанд.
Закариёи Розӣ яке аз мутафаккирони асримиёнагии халқҳои тоҷику форс, доир ба омӯзиши об, хосиятҳои он ва маҳлулҳо таҳқиқоти пурарзиш ба сомон расондааст. Дар китоби “Дастури тиб” боби “Асли ранги об”  рангҳои асосии онро ба чор навъ: зард, сурх ва сиёҳу сафед, ки ҳар кадом тобишҳои гуногун доранд, ҷудо намудааст. Розӣ мизоҷ ва вазъи солимии инсонро бо ранги обҳои аз узвиёти ӯ хориҷшаванда алоқаманд медонад. Дар боби 16 – и ҳамин асар “Дар тадбири обҳо” як қатор хосиятҳои обҳо тасниф шудаанд. Ӯ ба он ақида аст, ки обҳои ширинтаъм ва сабуку соф беҳтаранд. Доир ба фарқият ва фоидаю зарари обҳои гуногун, аз ҷумла обҳои яхин, боришотӣ, гарм, шӯр, хира, талх, зеризаминӣ ва ғайраҳо маълумоти муфассал додааст. Аксари маълумоти мазкур ба натиҷаи пажӯҳишҳои муосир наздиканд.
Табиб, дорушинос ва рустанишиноси маъруфи асри Х - и форсу тоҷик Ҳаким Абумансури Муваффақ ибни Алӣ ал – Ҳиравӣ яке аз донишмандони бузурги соҳаи тиб низ аҳамияту вижагиҳои обро ба риштаи таҳқиқ кашидааст. Китоби арзишманди ӯ “Ҳақоиқуладвия” асари илмии пурарзишест, ки дар он, доир ба об, хосиятҳо ва нақши он дар узвиёти мавҷудоти зинда фикрҳои ҷолиб баён гардидаанд. Абумансури Муваффақ мефармояд: “... ҳоҷат ба об ду манфиатро бувад. Яке он, ки танро тар дорад ва ҳар ҷавҳаре, ки аз ӯ кушода шавад, бадал боз диҳад аз ҳар ҷавҳари тар. Ва дуюм ғизоро ба ҳама ақсои тан бирасонад. Ва тунук гардонад,  то ба ҷойҳои танг андар тавонад шуд”. Аз ин гуфтаҳо метавон хулоса кард, ки об дар ҳамаи равандҳои ҳозимаи узвиёт, гардиши хун дар бадан, расондани ғизо ба тамоми ҷойҳои ҷисми инсон бевосита ширкат меварзад. Яъне, Ҳаким А. Муваффақ дар нигоҳ доштани фаъолияти ҳаётии узвиёти инсон ва дигар мавҷудоти зинда нақши обро хеле бузург инъикос кардааст. Дар “Ҳақоиқ-ул-адвия”, инчунин, зикр гардидааст, ки об ғизо набуда, балки ғизоҳоро ҳазм намуда, худаш дар шакли пешоб ва арақ аз бадан хориҷ мешавад. Оби холисро А. Муваффақ оби беҳтарин мешуморад, ки бо дигар ашё наомехтааст, вазнаш сабук, таъм ва бӯй надошта, ба зудӣ гарм ва сард мешавад. Он аз чашмаҳои самти машриқ манба мегирад. Обҳои машриқӣ ва шимолӣ, ки аз кӯҳи гил фуруд омада, дар санг ё рег бармехӯранд, обҳои хуш ба ҳисоб мераванд. Чунин об дар меъда ҳосилшавии сангро намегузорад ва ғизоро аз меъда ба зудӣ меравонад.
Аз аҷдодони бузурги мо Абуалӣ ибни Сино низ дар бораи  хосиятҳои об, усулҳои тозакунӣ, мавқеи хоссаи он дар байни нахустунсурҳо (об, ҳаво, замин, оташ) аҳамияти зиёд додаст. Дар китоби “Ал - қонун фит - тиб” Сино мавқеи хоссаи обро баррасӣ намуда, зикр мекунад, ки аз ҳама унсурҳо фарқияти об дар он аст, ки ӯ ба таркиби ҳама чизҳо дохил аст. Моҳияти ба дарун қабул намудани обро ӯ фаҳмонда мегӯяд, ки он ҳамчун муҳит ҳамаи моддаҳои ғизодиҳандаро ба узвҳои лозима мерасонаду ғализнокии онро беҳтар менамояд. Об ғизо намедиҳад, он моддаест, ки ба ҷоришавии моддаҳои ғизодиҳанда ва нармшавии онҳо мусоидат мекунад. Онҳоро ҳангоми гузариш ба рагҳо ва  ихроҷ гардидан аз узви одам ҳамроҳӣ мекунад. Бе ёрии об ҷараёни ғизодиҳӣ ғайриимкон аст. Аз рӯи мавқеи табиӣ об заминро иҳота кардааст ва худаш бо ҳаво иҳота гардидааст. Инчунин, Абуалӣ ибни Сино доир ба хосияти адсорбсионӣ, коагулятсиякунонии гил барои тозакунии обҳои нохуш, фарқияти бухор ва оби ҷӯшондашуда, сифати обҳои мухталиф, фоида ва зарари оби ях ва барф, дуруст нӯшидани он ва дигар нӯшобаҳо изҳори назар кардааст. Тибқи баъзе маълумот, дар дастхатҳои дар Париж маҳфузбудаи Абуалӣ ибни Сино тарҳи берунӣ ва дохилии асбобе мавҷуд аст, ки ба воситаи  он “оби шифо” ҳосил кардан мумкин аст.
Пажӯҳишҳои дақиқу мӯшикофона дар осори бузургон аз аҳамияти беандозаи дастуру ҳидоятҳо ва ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тоза нигоҳ  доштани об, қимат донистани ҳар  қатраи ин муъҷизаи бемислу монанд шаҳодат медиҳад. Хулосаҳои илмии онҳо нишон медиҳанд, ки об на танҳо манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ ва мояи шодиҳои олами ҳастӣ буда, қадр кардани он қарзи ҳар инсони солимақл аст.
Марҳамат ШОНАЗАРОВА, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии № 67-и ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2018    №: 248    Мутолиа карданд: 1070
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед