маориф
МАОРИФ. БА НОМИ БАЛАНДИ ОМӮЗГОР САЗОВОР БОШЕМ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2017 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: «Нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ аз се самти асосӣ - дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳбудии вазъ дар самтҳои мазкур барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ карда, тайи солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст».
Ин аст, ки дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддӣ роҳандозӣ гардида, ислоҳот ва навсозиҳо босуръат идома доранд. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 - 2020» қабул гардида, саводнокии миёни аҳолӣ беҳтар шуда истодааст. Ва ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, дар ҳоли афзоиш аст.
Яке аз масъалаҳои муҳими дар Паёми навбатӣ зикр гашта, мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом доданд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54 - умро ишғол намуд. Тибқи ин нишондод, Тоҷикистон миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба гирифтани яке аз мақомҳои намоён мушарраф гашт. Боиси тазаккур аст, ки дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маориф 2,3 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 - ум 16 дарсад зиёд гардид. Аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои маориф ва муассисаҳои буҷетӣ 15 дарсад, зиёд гардид.
Ба мо - омӯзгорон зарур аст, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас афзалияти бештар диҳем ва сатҳу сифати таълимро дар ҳама зинаҳои таҳсилот хуб ба роҳ монем.
Шариф ХУШВАХТОВ, омӯзгори МТМУ № 8 - и ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.12.2018 №: 248 Мутолиа карданд: 891