мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СТАНИСЛАВ ЗАС
14 декабр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Засро ба ҳузур пазируфтанд.
Ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, таъмини амнияту бехатарӣ ва суботу оромии минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Нақши муҳими Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои ҳамоҳангсозии тадбирҳои давлатҳои аъзо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромилӣ таъкид гардид ва ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамдастӣ дар мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Барои таъмини амнияту суботи минтақавӣ татбиқи мувофиқаҳои дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бадастомада, аз ҷумла қарори расондани кумакҳои моддӣ - техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии созмон ба шумор меравад, ҳамчунин, мусоидат ба фаъолияти густурдаи гурӯҳҳои марбутаи корӣ ва тақвияти ҳамдастии давлатҳои аъзои созмони мазкур муҳим шумурда шуд.
Дар робита ба фаъолияти самарабахши созмон, ҷонибҳо мавзӯи таъйин гардидани номзадии Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро баррасӣ намуданд. Дар ин зимн, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати дастгирии номзади Ҷумҳурии Беларус ба ин мансаби сермасъул иброз доштанд.
Дар мулоқот, ҳамзамон, дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.12.2018 №: 248 Мутолиа карданд: 5065