ҳуқуқ
СУҒД. Ходимони дин "гирдиҳамоӣ" - и наҳзатиёнро дар Берлин маҳкум мекунанд
Чанд рӯз қабл вақто аз шабакаҳои иҷтимоӣ бохабар шудам, ки як гурӯҳ мухолифин дар назди Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин гирдиҳамоӣ ташкил кардаанд, ҳамон лаҳза симои номубораки наҳзатиён пеши назарам омад.
Бояд бигӯям, ки ин хоинони ватанфурӯши наҳзатӣ солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ низ бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон ва сӯиистифода аз номи дини мубини ислом гирдиҳамоӣ ташкил карда, сабабгори марги ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ ва гуреза шудани беш аз як миллион аҳолии асоишта гардида буданд. Имрӯз ҳам аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ дар Аврупо барои маблағҳои гирифтаашонро ҳалол кардан ва дар назди хоҷагонашон ҳисобот додан, дар хаққи Тоҷикистон носазо мегӯянд.
Хушбахтона, мардуми азизи Тоҷикистон имрӯз хуб дарк намудаанд, ки гирдиҳамоии ин гурӯҳи хоинон муғризона буда, аз рӯи ҳасад мебошад. Зеро Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз тинҷу ором ва мардумаш таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ буда, рӯз то рӯз обод ва нуфузаш дар сатҳи байналмилалӣ баланд шуда истодааст.
Мардуми Тоҷикистон боз як бори дигар дарк карданд, ки ТТЭ ҲНИ худ ҷинояткор буд ва имрӯз ҷинояткороне, ки бо ҷурмҳои мухталиф маҳбасӣ мебошанд, дастгирӣ мекунад ва бо ин кирдори худ зидди таълимоти дини ислом фаъолият доранд.
Мо ходимони дини вилояти Суғд ин фитнаангезиро иғвои навбатии наҳзатиён мешуморем ва гирдиҳамоиҳои бемантиқи ТТЭ ҲНИ - ро маҳкум мекунем.
Ҳусайн МӮСОЗОДА, сархатиби вилояти Суғд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.12.2018 №: 248 Мутолиа карданд: 843