фарҳанг
ШОҲИН – ШАҲБОЗИ МАРҒЗОРИ ФАЗЛУ КАМОЛ
Мақолаи Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Абдулҳамид Самад, ки ба 160 - солагии шоири номвар Шамсиддини Шоҳин бахшидааст, «Гули баҳорнадида» унвон дорад. Аз сарлавҳаи мақола пайдост, ки ба ҷавонмаргии шоири шаҳиру тозагӯ ишора дорад. Аммо ин ишора дард дошта, дардҳои дигарро ангеза медиҳад. Зеро Шоҳин барин шоири озодаву покманишро зулму истибдоди замонааш кушт. Вагарна, ӯ метавонист дар олами шеъру шоирӣ ба қавли мардум, «қиёмат барпо кунад».
Ҳамагӣ 35 сол ё дар баъзе сарчашмаҳои дигар 36 сол умр дидани шоир ҳаргиз фурсат намедод, ки ӯ водии камолро пурра тасхир ва ашъорашро тадвин намояд. Шоҳин аз зумраи он рӯшанфикрони замон буд, ки на танҳо тавассути шеър, балки ба воситаи насри нешдору намакин камбуду ноқисиҳои даврро ошкор ва барои ислоҳашон раҳнамоӣ мекард.
Дар водии Зарафшон – Бухорову Самарқанду Панҷакенту Мастчоҳу Фалғар агар ҳарфи Аҳмади Донишу Туғрал қадру қурби баланд дошт, халқ аз пайи эшон мерафт, дар Хатлонзамин Шоҳин ҳамин манзалатро дошт. Агар «Бадоеъ - ус - саноеъ» - ро мушоҳидакорона мутолиа намоед, ифшо мешавад, ки ҳадафҳои Шоҳин бо мақсаду мароми Аҳмади Дониш яксон аст.
Нав кардани сохти ҷомеа, бартарият додан ба маърифату дониш ва хушбахт кардани мардуми одӣ. Вақте нависанда ҷомеаи худро аз хубу зишти замона огоҳ намекунад, берисолат аст. Инро Шоҳин нек мефаҳмид ва ҳамеша бонги изтироб мезад. Нависанда А. Самад аз устод Садриддин Айнӣ ин иқтибосро меорад, ки зикраш баҷост: «Усули ҳукуматдории амир (Абдулаҳад – Б. С.) низому насақи дарбори ӯ ба монанди Шоҳин – як шаҳбози марғзори фазлу камол ва озодӣ ҳеҷ мувофиқ наафтодааст». Дар ин мисраъҳо шӯру ғалаёни дили шоирро бештар ҳис кардан мумкин аст:
З-он сон, ки хоҳиши даҳр ҷуз шӯру
шар набошад,
Бадтар дар ин замона айб аз ҳунар набошад.
Суди матои дониш ғайр аз зарар набошад,
Одам касе нахонанд онро, ки хар набошад.
Ҷое равам, ки гардун болои сар набошад,
Аммо чӣ метавон кард, ҷои дигар набошад!
Ба ҳадде даврони шоир беназму бетартиб буда, ки ҳар кӣ доно шуду аз камбудиҳо ҳарфе гуфт, хараш мехонданд ва аз ҷомеа берунаш мекарданд. Дар мисраи «Ҷое равам, ки гардун болои сар набошад» дилбастагии шоир ба Ватан – ба хоки муқаддаси модарияш изҳор мешавад. Ӯ аз ин ҷомеа канора ҷуста рафтанист, аммо ҷазабаи ишқи Ватан намегузорад, ки равад. Чунки фазои парвози Шоҳин Бухорою Хатлони азизаш аст. Ӯ дар баробари ҳамарӯза дидани ноадолатиҳо, боз ҳам мубориз боқӣ мемонад, навмед намешавад ва аммо дили ҳассоси шоир то ба кай метапад дар чунин муҳити зиндонмонанд?! Ниҳоят гирифтори сил шудаву рахт аз ҷаҳон баст.
Устод Абдулҳамид Самад бо нозукии ба худ хос ҳушдор медиҳад, ки ба қадри адибон, ки чашму гӯши миллатанд, дар вақташ бояд расид. Аллома Иқбол низ фармуда:
Шоир андар синаи миллат дил аст,
Миллати бешоир анбори гил аст.
Абдулҳамид Самад дар ҷои дигари мақола ёдовар мешавад, ки Лоиқ Шералӣ ҳар гоҳ аз Шоҳин ёд карда, ӯро «Лермонтови адабиёти тоҷик» мегуфтааст. Маълум мешавад, ки устод Лоиқ ба бузургии Шоҳин дар шеъру адаб арҷ мегузоштааст, ки ин шеър маҳсули ҳамин арҷгузорист:
Ҷавонмардон!
Ҷавонмаргон!
Рафаеллову Лермонтов,
Дақиқиҳову Шоҳинҳо,
Маяковскию Байрону Лорка,
Ва Мотсарту Петефиву Есенинҳо,
Ва Пушкинҳо, Гагаринҳо,
Ҷавонмарг ар намерафтед бо ҳукми худу даврон,
Ҷаҳон беҳтар ҷавон мешуд.
Гар, эй истораҳои аз фалак афтода,дар хоки сияҳ мурда,
Ба рӯи ин замини беситора ҷамъ мегаштед,
Замин кайҳо баланду покрӯ чун осмон мешуд.
Б. САЛИМОВ,
аспиранти Институти забон ва адабиёти
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.12.2018 №: 249 Мутолиа карданд: 1018