logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН ВА ТАҶРИБАИ ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ОБ

Тадбирҳои андешидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаи ташаббусҳои қаблии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ сабаб шуд, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222 - ро пазирад.

Қатъномаи мазкур Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” унвон дошта, бо иттифоқ ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш, ки 22 декабри соли 2017 ироа намуданд, ба аҳамияти байналмилалии ташаббусҳои Тоҷикистон таъкид варзида, гуфта буданд: “Ҳар сол танҳо бо сабаби норасоии оби тозаи ошомиданӣ як миллиону 400 ҳазор кӯдак азият кашида, ҳар дақиқа як кӯдаки навзод аз бемориҳои сироятии вобаста ба норасоии оби тоза ва муҳити пок ба ҳалокат мерасад. Ҳамасола аз шумораи умумии аҳолии сайёра бо сабаби норасоии об 3 миллиону 400 ҳазор нафар вафот мекунад. Ғайр аз ин, қариб 800 миллион нафар аҳолии сайёра аз норасоии ғизо азият кашида, як миллиард кӯдак дар шароити қашшоқӣ зиндагӣ ва бо ҳамин иллат, ҳар сол 22 ҳазор нафари он вафот мекунад».
Ин ҳама рақамҳо далолат бар он мекунанд, ки пешниҳоди Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028”, бар нафъи аҳли башар аст ва маълумоти дақиқу пурмуҳтаво ва таклифу пешниҳодҳои асосноку созандаро дар пай дорад.
Мувофиқи маълумоти дигар, 31 дарсади муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Сипоси ин табиату сарзамин мекунем, ки саршор аз обҳои мусаффост. Мо хушбахтона, обҳое дорем, ки на танҳо ошомиданӣ, балки табобативу дармонбахшанд. Кӯдакони мо ҳам дар хона ва ҳам дар мактабу боғчаҳо ба оби нӯшиданӣ дастрасӣ доранд. Акнун, ҳар чи бештар фарҳанги сарфакориро байни ҷомеа ташвиқ намоем, то носипосии неъмат нашавад.
Дар мавриди оқилона истифода бурдани об низ халқу миллати мо намунаи ибрат гашт. Зеро шукӯҳмандтарин иншооти аср – НБО «Роғун» -ро сохт, ки ҳам мардуми худ ва ҳам ҳамсоякишварҳоро бо рӯшанию гармӣ таъмин менамояд.
Одина ДАВЛАТОВ,
директори китобхонаи ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2018    №: 249    Мутолиа карданд: 1076
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед