туризм
ИСТАРАВШАН ВА ТАМАДДУНИ МИЛЛӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта бо мақсади рушди сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои соҳа ва фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ соли 2018 - ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Дар доираи иқдоми мазкур дар шаҳри бостонии Истаравшан низ бахши рушди сайёҳӣ ба фаъолият пардохт.
Истаравшани бостонӣ дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ буда, барои рушди сайёҳии дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ имкониятҳои зиёд дорад. Мавзеъҳои зебову нотакрор ва осоишгоҳҳои “Ӯротеппа”, “Авитсена”, “Авис-сити”, “Ҳавотоғ” ва истироҳатгоҳи “Роҳат”дар мавзеъҳои хушманзара диққати сайёҳонро ба худ ҷалб намуда, дар онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Махсусан, обанбори Зарринрӯд аз мавзеъҳои зеботарини шаҳр ба ҳисоб рафта, бо боду ҳавои тоза аз дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Меҳмонхонаҳои “Садбарг”, “Ҳоҷи Носир”ва “Киропол” низ бо шароити хуби замонавӣ баҳри сайёҳони дохиливу хориҷӣ хидмат мерасонанд.
Дар шаҳр барои рушди соҳа дар асоси қарори раиси вилояти Суғд аз 28 феврали соли 2018 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин, қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 20 марти соли 2018 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои шаҳр бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти марказҳои иттилоотӣ ва маҷмӯи хизматрасонии сайёҳӣ бо кори пурмаҳсули ширкатҳои сайёҳӣ ба роҳ монда шудааст.
Иншооти сайёҳии шаҳр давоми як рӯз имконияти қабули беш аз 1000 сайёҳро дорад. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ бамаротиб афзуда, ба шаҳр 1090 нафар ташриф оварданд. Онҳо, ҳамчунин, дар чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла фестивали ҷумҳуриявии “Марҳамат ба вилояти Суғд”, ки моҳи июни соли ҷорӣ баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамзамон, моҳи сентябри соли 2018 дар маҷмаи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ” бахшида ба ташрифи меҳмонон аз вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон намоиши асарҳои рассомони коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва литсейи касбии техникӣ доир гардид, ки ҳозирон ва меҳмононро бо ҳунару истеъдоди ҷавонон мафтун сохт.
Маҷмаи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ” ба макони сайру саёҳати сайёҳон табдил ёфта, дорои “Амфитеатр”- и замонавӣ бо 5100 ҷойи нишаст мебошад. Дар ҳудуди қалъа ёдгориҳои қадимӣ ва пайкараву нигораҳо гузошта шудаанд. Дар зиёда аз 80 ҳуҷра барои фурӯши маҳсули дастии ҳунармандон ва муаррифии урфу одати мардуми шаҳр гӯшаҳои алоҳида ифтитоҳ ёфтааст. Ҳамчунин, меҳмонхонаи замонавии “Киропол”, воқеъ дар хиёбони Истиқлоли шаҳр аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Айни замон дар маркази шаҳр тарабхонаи нави замонавӣ ва ошхонаву марказҳои хизматрасонӣ бо пешниҳоди таомҳои миллӣ ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бо ҷалби соҳибкорон сохтмони иншооти хурди хизматрасонӣ ва таваққуфгоҳҳо ба нақша гирифта шудааст. Барои таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон дар доираи “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020” дар шаҳр, инчунин, баргузории озмуни истеҳсоли маҳсулоти беҳтарини армуғонӣ байни ҳунармандони ҷавон дар назар аст.
Саъдулло МАҲКАМОВ,
мудири бахши рушди сайёҳии
шаҳри Истаравшан
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.12.2018 №: 249 Мутолиа карданд: 1010