фарҳанг
ҶОИЗАИ ҚАТАР БА ПАЖӮҲИШГАРИ ТОҶИК
Дар пойтахти кишвари Қатар - шаҳри Давҳа Конфронси байналмилалии тарҷумонӣ ва тафоҳуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бузург, ки олимону тарҷумонҳо ва арабшиносони маъруф аз 20 кишвари дунё ширкат доштанд, шарқшиноси тоҷик Сайидраҳмон Сулаймонов ба ҷоизаи «Шайх Ҳамад» мушарраф гардид.
Дар конфронс олимон бештар аз Россия, Аврупо ва давлатҳои арабӣ иштирок доштанд. Дар бахши тарҷумонӣ китоби муҳташами Сайидраҳмон Сулаймонов «Фарҳанги арабӣ - тоҷикӣ» мақоми аввалро гирифт. Ҷоизаро ба шарқшинос ва пажӯҳишгари тоҷик амири давлати Қатар Тамим ибни Ҳамад оли - Сонӣ супурд. Фарҳанги мазкур 100 ҳазор вожа, феълҳои ноқиси арабӣ ва номвожаҳои ҷуғрофиро дар бар мегирад.
- Ман ин ҷоизаро ҷоизаи тамоми тоҷикону тоҷикистониён медонам. Маъвое, ки мо аз он ҷо паёмҳои илмиву эҷодии худро ба оламиён мерасонем, ҳамин Меҳани азизи мост, - мегӯяд Сайидраҳмон Сулаймонов.
Мавсуф профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, солҳост, ки бо шинохт, таҳлил, тарҷума ва омӯзондани забони арабӣ машғул аст. То имрӯз 6 ҷилд осори гузаштагони моро, ки бо забони арабӣ асту то ҳанӯз ба забони тоҷикӣ тарҷума нашуда буданд, тарҷума ва нашр намуд.
- Ростӣ, осори адабиву маърифатии мо бештар ба хонандаи тоҷик дастрас аст, аммо осори илмиву пажӯҳишии бузургоне чун Ибни Сино, Хайём, Носири Хусрав, Форобӣ ва дигарон, ки бо забони арабӣ эҷод шуда буданд, ҳанӯз дастрас нест. Албатта, бо забони русӣ як қисмати ин асарҳо интишор шудаанд, вале мо бори аввал иқдом кардем, то онҳо ба забони тоҷикӣ тарҷума шаванд, - изҳор медорад С. Сулаймонов.
«Фарҳанги арабӣ - тоҷикӣ» - и муаллиф аз муҳташамтарин ва ҷомеътарин фарҳангҳои арабӣ - тоҷикист, ки бо хатҳои криллӣ - форсӣ иншо шуда, дар Осиёи Марказӣ мумтоз аст. Эътирофи он аз тарафи арабҳо беҳуда нест. Онро дар донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои дуру наздик ба таври васеъ истифода мебаранд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.12.2018 №: 249 Мутолиа карданд: 837