фарҳанг
ЗЕБОИ "ЗЕБО". БАРДОШТ АЗ 55 - УМИН СОЛГАРДИ ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИИ АРТИСТИ ХАЛҚӢ
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерт таҳти унвони «Базми Зебо» баргузор гардид. Ин барномаи бошукӯҳ ба ифтихори 55 - умин солгарди фаъолияти эҷодиву ҳунарии Артисти халқии СССР, устоди рақс, поягузори ансамбли овозадори «Зебо» Зебо Аминзода бахшида шуд.
Дар барнома зикр шуд, ки Зебо Аминзода шаҳбонуи саҳнаи рақс буда, барномаҳои ӯ бо гулдухтарон аз оғози солҳои 70 - уми асри гузашта ба дилу дидаҳои мардум роҳ ёфт. Зиёиёну ҳунармандони маъруфи замон пешниҳод намуданд, ки ансамбли рақсӣ ташкил ёбад ва роҳбарии онро худи Зебо Аминзода ба уҳда гирад. Соли 1978 ансамбли «Зебо» таъсис дода шуд. Раққосаҳои ҳунарманди даста аз ин илҳоми тоза гирифта, барномаҳои худро боз ҳам рангинтару ҷолибтар карданд.
Бавижа, суруди «Эй санам» (шеъри халқ, оҳанги Ю. Лядов), ки дар иҷрои овозхони маҳбуби гурӯҳи эстрадии «Гулшан» Тоҷиддин Муҳиддинов пешкаши мухлисони санъат гардид, дар олами ҳунар ғулғула афканд. Зебо Аминзода бо огоҳӣ аз асрору нозукиҳои санъати рақс маҳбуби халқ шуд ва шуҳрати беандоза ёфт.
Зебо Аминзода бо даста ва барномаи бошукӯҳи ҳунарӣ соли 1986 ба Маскав сафар кард ва ҳамон сол унвони Артисти халқии СССР - ро сазовор гардид.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба аҳли ҳунар афзуда, дастаҳои машҳури рақсиву эстрадӣ аз нав ба фаъолият оғоз карданд. Аз ҷумла, бо ибтикори наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ансамбли “Зебо” мақоми давлатӣ гирифта, дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Зебо Аминзода боз ҳам роҳбарии дастаро ба зимма гирифт ва ҳоло даҳҳо духтаракону бонувони боистеъдодро тарбия мекунад.
Дар консерти «Базми Зебо» рақсҳои “Эй санам”, “Попурӣ”, “Тановор”, “Нағорабазм”, “Хиромон”, “Боди сабо” пешкаши тамошобинон шуда, баҳои баланд гирифт.
Дар анҷоми консерт худи Зебо Аминзода ба саҳна омада, зери танини суруди “Тановор” барои мухлисони бешумораш ба арғушт рафт.
Бузургмеҳр БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.2018 №: 250 Мутолиа карданд: 988