logo

фарҳанг

ҲУНАР БЕҲ АЗ ГАВҲАРИ ШОҲВОР

Дар китоби «Шоҳнома» яке аз дуоҳои неки падарон ба фарзандони худ, хостани ҳунармандӣ мебошад. Чуноне Кайковус дар номаи худ ба писараш Сиёвуш  орзу кардааст, ки «ҳамеша ҳунарманд бодо танат». Вожаи «ҳунар» аз ду ҷузъ иборат аст: «ҳу» ба маънии хуб ва «нар», яъне мардонагӣ. Дар «Авасто» ба гунаи «hunara» омадааст. Дар «Шоҳнома» аз вожаи «ҳунар» ба шакли танҳо 175 бор кор гирифта шуда, дар шаклҳои «ҳунарманд» 37, беҳунар 24, танҳо 4 бор «бадҳунар» ва «беҳунар». Ҳунар дар «Шоҳнома» ба он шахсоне раво дида шудааст, ки нисбат ба дигарон бартарӣ доранд, соҳиби фазлу хирад, яъне соҳиби тавоноиянд. Касб, номдорӣ ва бузургӣ нишони ҳунар аст.
Омӯзиши ҳунар ва рӯ овардани донишмандон, омӯзгорон, сарварони вилоятҳо, навоҳӣ, деҳот ба ин захираи моддиву маънавии дар зеҳнҳои мардумон ҷой дошта, аҳамияти милливу иҷтимоӣ  ва давлатӣ дорад. Таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва соли 2018 – ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардан аз ниятҳои неку созанда ва боварӣ ба ҳунармандии миллат сарчашма мегирад.
Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз пажӯҳишгарони мо гузаштаҳои ҳунарофаринии бостониамонро наомӯхтаанд ва ба таври шоиста намедонем, ки масалан, дар садсолаҳои пеш ниёкони мо ҷуз маҳсулоти кишоварзӣ кадом офаридаҳои ҳунарии хешро ба бозори ҷаҳонӣ мебароварданд. Танҳо ҳаминро аз миёни сатрҳои достонҳои шоирон ва луғатнигорон хондаем, ки аспҳои хушхироми хатлӣ, лаълу ёқути бадахшӣ, теғи обдори чочӣ (ишора ба истаравшанӣ), писанди завқи баланди  машриқиёну мағрибиён будааст.
Номҳои маҳаллаҳо ва кӯчаву гузарҳои замонаҳои пешин аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки саркорони доно (соҳибкорон) вобаста ба захираҳои табиии дар ихтиёрбуда ва неруву зеҳнҳои дар маҳалла ё кӯчаашон ҷой дошта, тавлидоти ҳамсони конвейериро роҳандозӣ мекардаанд. Ҳанӯз чор - панҷ даҳсола пеш аз пирамарди хешовандам, бобои усто Мӯсо шунида будам, ки дар маҳали зисти ӯ бо номи Чармгарони Поён (шаҳри Кӯлоб) аз замони пеш мардум зиндагиашонро аз баракати ҳунари чармгарӣ пеш мебурдаанд. Ӯ низ умри 80 - солаашро дар корбурди ҳунари чармгарӣ гузарондааст. Ҷолиб он аст, ки аксарияти томи бошандагони он маҳалла ба истеҳсолоти чарм ва чизҳои чармӣ ва як ду оила ба дастрасии пӯст сару кор доштаанд. Яъне, хонаводае бо қассобони шаҳру берун аз шаҳр ҳамкориҳои тиҷоратӣ доштанд: пӯстро харида, ба ҳамсоягоне мефурӯхтанд, ки соҳиби коргоҳи чармгарӣ – даббоғӣ буданд. Даббоғ ба пӯст намак пошида, онро аз пашм пок мекард ва сипас дар соя мехушконид. Ҳамсояаш пашми аз пӯст тарошидаро харида, бо аҳли хонаводааш мекунҷиданд, шона мезаданд, мериштанд ва аз он матои пашмину ҷӯроб мебофтанд. Ҳамсояи дигар аз пӯстҳои нисбатан камсифати (буз, гӯсфанд) дар ҷараёни қассобӣ осебдида пӯстак (кӯрпачаи пӯстӣ) тайёр мекарданд. Чанд хонадони дигар аз пӯст чарми хом омода мекарданд. Ҳунармандон аз чарми хом мукӣ (пойафзол), тасма, лаҷом, афзорҳои асп, аз чарми пухта маҳсӣ, кафш, мӯза пешдомани чармини оҳангарӣ ва ҳатто шарвори човандозӣ (шоҳрағза), васкат (жилет) медӯхтанд. Оилаҳои дигар аз рӯдаи ҳайвонҳо зеҳи (тори) дутор, аз пӯсти буз дафу доираву таблак, машки обкашӣ таҳия мекарданд. Ҷуз ин, ҳар гуна ғилофҳои корд, ҷузвдонҳо, ҳамён, аз устухони ҳайвонот тукма, дастаи корд ва дигар асбобҳои рӯзгор месохтанд.
Дар ноҳияи Ховалинг кӯчае бо номи Гузари Заргарон мавҷуд буд, ки шуғли мардумаш таҳияи гӯшвора, ангуштарин ва дигар ороишҳои занон буд. Чун ин ноҳия дар наздики кони тиллои Шугнов ҷой дорад, барои ороиши нигини зару зевари занон тоҷирон аз Бадахшон сангҳои гаронбаҳо ва нимгаронбаҳо оварда ба заргарон мефурӯхтанд. Тоҷири дигар заргаронро бо ангиштсанги обсозии оҳан (кокс) таъмин месохт. Дар кишвари мо маҳаллаҳои бешумор ба чашм мехӯранд, ки номҳояшон шуғли пешинаи аҳолии он ҷойро бозгӯ мекунанд. Ба монанди Оҳангарон, Кулолгарон, Камонгарон, Косатарошон, Кафшгарон, Нонвоён ва монанди он.
Ин нукта арзиш ба ёдоварӣ дорад, ки саркорону соҳибкорони мо ҳанӯз дарнарафтаанд, то имкониятҳои бешумори дар кишвар ҷой доштаро ба аҳолӣ бифаҳмонанд ва аз ҳунари дастии хонагӣ самар бардоранд. Ибтикороти Пешвои муаззами миллат дар мавриди рушди ҳунарҳои мардумӣ мудоми саривақтӣ буда, аз масъулон талоши бештарро тақозо дорад. Чуноне ки корхонаҳои воҳиди давлатии коммуналӣ дар фасли тирамоҳ баргҳои хушки дарахтон ва буттаҳоро ҷамъоварӣ намуда, ба партовгоҳҳо мепартоянд, вале дар сурати як каме кӯшиш кардан, аз он баргҳои дарахтон ва соқаҳои (паяҳои) сабзавот имкони омода намудани поруи органикӣ (компост) мавҷуд аст.
Чандин сол аст, ки дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон коргирӣ аз халтаҳои селофанӣ барои бандубасти маводи хӯрока, бавижа нон комилан аз байн рафтааст, зеро пакетҳои селофанӣ аз маводи кимиёвии ба организми инсонҳо зараровар таҳия мешаванд. Агар соҳибкорони доно ҳунари аз ғӯзапоя таҳия намудани коғази бастабандиро (аз ҷумла пакетҳои коғазиро) омӯхта, ин корро ҷорӣ мекарданд, ҳам тиҷорати судбахш медоштанд, ҳам зарари ба тандурустии ҳамдиёрон таҳдид дошта аз миён бардошта мешуд.
Ва ё аз матоъҳои дастбофти пахтагӣ дӯхтани дастархон, суфраи рӯйи мизӣ, дастпоку рӯпок ва монанди он матоъҳое, ки ба ҷойи онҳо дар хонаву тарабхонаҳо дастархонҳои синтетикӣ ба кор бурда мешаванд.
Соли равонро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани Пешвои миллат маънии оғози тадбирҳои созандаро дорад. Густариш бахшидани сайёҳӣ ва ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ дастури зиндагии ояндаи ҳамдиёрон мебошад. Бигзор солҳои дарпешистода ба созандагиҳои дигар бахшида шаванд, аммо густариши сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебояд усули зиндагии доимии тоҷикон бошад. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ин роҳ ба зиндагии мардумонашон ривоҷи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ бахшидаанд. 
Ҷоиз аст, ки пешинаи начандон дури кишвари Чин ба ёд оварда шавад, зеро ин кишвари сераҳолӣ тавонист бо роҳи коргирӣ аз густариши ҳунарҳои мардумӣ, аҳолиро аз сатҳи пасти зиндагӣ ва бекорӣ раҳонад.
Дар кишвари Чин ҳунари мардумӣ ҳамон дасти мададгоре буд, ки мардумони садсолаҳо дар чоҳи вопасмондагӣ афтодаро берун бароварда, ба рушди бемонанди иқтисодӣ расонд. Таҳлилгарон натиҷагирӣ карданд, ки дар рӯзгори мо маҳз ҳунарҳои дастии мардумӣ метавонанд пешсафи иқтисодиёти инноватсионӣ гарданд. Чуноне ки дар солҳои пас аз ҷанги ҷаҳонӣ дар саноати нассоҷӣ ва пашминабофии Чин 2 миллион коргар машғули кор буданд, аммо шумораи коргарони бахши ҳунарҳои дастӣ 10 - 12 миллион нафарро ташкил медоданд. Ҷолиб аст, ки истеҳсолоти хонагии он кишвар дорои хусусияти «конвейери» - и дар боло (аз чармгарони Кӯлоб) ёд шударо дорад.
Он чуноне дида мешавад барои бозёбии ҳунарҳои халқии тирагаштаву аз ёдҳо рафта, ба қавли мардум, барои рост кардани дасти шогирдон дар баъзе мактабу коллеҷҳо, сехҳо ва коргоҳҳои ҳунармандон ташкил шудаанд. Ин марказҳои ҳунармандӣ зери роҳнамоии устоҳои чирадаст мебошанд, ки арзиш ба ситоиш дорад.
Он чуноне ба чашм мехӯрад, гоҳе насли навини тоҷикон дар зери таъсири фарҳанги аврупоӣ ва технологияи тавлидоти қолабӣ (штамп), арзиши офаридаҳои дастии мардумро камтар меписанданд ва устоҳову кадбонувони ҷавон ба табъу завқи нозуки ҳунарҳои халқӣ сарсарӣ менигаранд. Ҳамин аст, ки дар баъзе музофоти сари роҳҳои сайёҳӣ ва бозорҳо ба ороишу сифати нону кулчаҳо, дӯхтани пироҳанҳои чакан, на аз матоъҳои синтетикӣ, балки пахтагин ва бо ресмони абрешимин дӯхтани нигораҳо аҳамияти шоиста намедиҳанд ва дастранҷҳояшон дар миёни сайёҳон харидор пайдо намекунад. Гумон меравад доир намудани омӯзишҳо ва бахшидани барномаҳои телевизионии омӯзишӣ дар ин росто, бомаърифат хоҳад буд.
Дар поён мебояд ба таъкид гуфт, ки соли сипаригаштаро ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшидан дастовардҳои дилхоҳ оварда, таваҷҷуҳи ҳунармандону тоҷирон ва ҳама мардумони хирадпешаро ба захираҳои дар кишварамон ҷой дошта ҷалб намуд. Ҳамчунон, ҳама ба ҳикмати ҳазорсолаҳои тоҷикон даррафтаанд, ки фароҳам овардани рӯзгори хушу сериву осудагӣ дар панҷаҳои боҳунар нуҳуфтааст. Носири Хусрави Қубодиёнӣ фармудааст:
Беҳ аз санъат ба гетӣ муқбиле нест,
Зи касби даст беҳтар ҳосиле нест.
Ба рӯз андар пайи сомони хеш аст,
Чу шаб дар хона шуд, султони хеш аст.
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2018    №: 250    Мутолиа карданд: 1078
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед