logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

НАФСИ БАД КОМАНДИРИ ҚИСМИ ҲАРБИРО БА ТОЛОРИ СУД БУРД

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Амиршо Раҳмонов, командири взводи ротаи тирандози савораи яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти агентӣ, номбурда бо ҷурми талаби пора аз як сарбози қисми ҳарбии таҳти итоаташбуда, боздошт гардидааст. Ба навиштаи манбаъ, Амиршо Раҳмонов тахминан моҳи июни соли 2018 дар ҳудуди қисми ҳарбӣ  аз сарбози қаторӣ «А» барои аз адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ озод намуданаш 15000 сомонӣ талаб кардааст.
Аз сабаби он ки сарбоз ин миқдор маблағро дар ихтиёр надошт, ба командир изҳор медорад, ки автомашинаи тамғаи «Мереседес-Бенс» - и падарашро фурӯхта маблағи зикршударо ба ӯ медиҳад. Дар ҳамин ҳол, Амиршо Раҳмонов баъди шунидани ин ҳарфҳо бо истифода аз фурсат на маблағ, балки автомашинаро талаб менамояд, ки дар ниҳоят боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ шуд. Ӯро кормандони агентӣ дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - тафтишотӣ баъд аз бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ ба номи худ ҳуҷҷатгузорӣ намудани автомашинаи мазкур дастгир намуданд.
Ин амали ҷиноятӣ тибқи моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст шудааст. 


МАСТӢ ОҚИБАТ БА ҲАЛОКАТИ ЯК НАФАР АНҶОМ ЁФТ
Нишасти ҳарифонаи ду сокини шаҳри Панҷакент, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳо - мардони 43 ва 52 - сола ном бурдааст, бо фоҷиа анҷом ёфт.

Сомонаи ВКД дар шарҳи ин хабар менависад, ки ин афрод рӯзи 14 декабр баъд аз истеъмоли машрубот дар хонаи истиқоматии марди 43 - солаи шаҳри Панҷакент вориди муноқиша мешаванд. Дар натиҷаи моҷарои бархоста, марди 52 – сола аз тирезаи ҳамин хона, ки дар ошёнаи чаҳорум қарор дошт, ба замин сарозер шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар пайи ин ҳодиса марди 43 – сола бо гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт гардида, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2018    №: 251    Мутолиа карданд: 942
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед