ҳуқуқ
ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ Ё ХОИНОНЕ, КИ БА АБЗОРИ СИЁСИИ ДИГАРОН ТАБДИЛ ЁФТААНД
Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир воқеаи хеле бузургу фараҳбахш аст. Аммо нафароне ҳастанд, ки барои ба мақсади нопоки гурӯҳӣ расидан алайҳи манофеи давлату миллат амал мекунанд.
Амалу рафторҳои ҳизби мамнуи наҳзат бозгӯкунандаи ҳамин воқеият мебошад. Ин ташкилоти террористӣ экстремистӣ ва афроди ба он наздик аз ҳар воқеае, ки ба ҷамъият ва ба низоми давлатдории миллӣ хатарнок аст, ҷонибдорӣ намуда, гунаҳкорону фиребгарон ва қаллобонро ҳамеша пуштибонӣ мекунанд. Ҳатто дуздро бегуноҳу ҷабрдидаро гунаҳкор меҳисобанд. Кор ба ҷое расида, ки ин хоинон аз нафаре, ки ғайриқонунӣ заминҳои давлатро аз худ карда, хонаву маркази тиҷорат месозад ва онро бо нархи гарон ба ҳамсоягонаш мефурӯшад, ҷонибдорӣ карда, амали қонун дар ҷомеаро нодида мегиранд.
Ба ҳамагон равшан аст, ки аксари намояндагон, бахусус роҳбарони ТТЭ ҲНИ аз ҷумлаи афроди авомфиреб ва тафриқаандоз буда, дар байни мардум чунин шуғл доштаанду доранд. Баъд аз фош гардидани бадкирдорию каҷрафториҳояшон зуд тарки Ватан намуда, амалҳои хешро таҳти ҳимояи аҷнабиён идома медиҳанд. Зеро ба ин гуна рафторҳои ношоистаю ғайриақлонӣ одат кардаанду наметавонанд, аз он даст бикашанд. Гузашта аз ин, маҳз бо ҳамин роҳ талош менамоянд, ки манфиатҳои ғаразноки худу хоҷагонашонро бароварда созанд.
Солҳои дар Тоҷикистон ҳамчун ҳизби расмию қонунӣ фаъолият доштани ҲНИ роҳбари террористони наҳзатӣ дар тамоми вохӯрию суханронӣ ҳамеша аз дунявияту демократия ва инсонсолорию озодии виҷдон сухан мегуфт. Вале бо маслиҳат, раҳнамоӣ ва ҳидоятҳои ӯ амалҳои пасипардагие рӯйи кор меомаданд, ки ба рафтори террористони хатарнок шабоҳат дошту дорад.
Пас аз террористӣ эълон гардидани ҲНИ саркардагони он тарки кишвар намуда, ҳанӯз ҳам дар пайи анҷом додани амалҳои хиёнаткорона гом мебардоранд. Ҳизби мамнуъ тамоми бадбахтиҳои ба сари халқу миллат овардаашро ба дигарон рабт дода, худро «мусичаи бегуноҳ» вонамуд месозад. Аммо, чунонки дар урфият мегӯянд «Офтобро бо доман пӯшонда намешавад» ва амалҳои ноҷавонмардонаи ин гурӯҳ ба ҳамагон рӯшан аст. Ҳатто, аъмоли ифротгароёна барои муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст, вале эътирофи ин ҳақиқат барояшон хеле гаронӣ мекунад. Зеро онҳо дину мазҳабашонро фурӯхта, худ ба абзори сиёсии дигарон табдил ёфтаанд.
Рустам РАҲИМОВ, таҳлилгар
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.2018 №: 251 Мутолиа карданд: 900