туризм
САЙЁҲӢ. ЗАБОНДОНӢ ОМИЛИ КАЛИДИИ ПЕШРАФТ
Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки бидуни донистани забонҳои хориҷӣ дар фаъолиятамон мушкилиҳо пайдо мешаванд. Дар шароити деҳа шояд он қадар эҳсос нашавад, аммо дар шаҳрҳои бузург, корҳои давлатию ҷамъиятӣ, ҷомеаи технологӣ, истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ донистани забонҳои дигар тақозо мешавад.
Воситаҳои иттилоотию технологӣ, шабакаи интернет, таҷҳизоти гуногуни истеҳсоливу маишӣ, ҳавопаймову киштиҳои кайҳониро имрӯз бо забон ва донишҳои забонӣ идора мекунанд.
Суръати инкишоф, махсусан дар самтҳои татбиқи амалии микроэлектроника дар воситаҳои коммуникатсионӣ, технологияи компютерӣ, роботтехника, нанотехнология ва биотехнология дар воқеъ, кайҳонӣ мебошанд ва барои ҳар чи бештар тарғиб кардани навидҳои техникӣ забон нақши муҳим дорад. Масалан, мо ҳоло ниёз дорем ба мутахассисоне, ки матнҳову гузоришҳои муҳимтарини илмиву истеҳсолӣ ва фарҳангиву сиёсиро тарҷума карда, ба самъи мардум расонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки баҳри тараққиёти соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои туристии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, донистани забон муҳим аст. Зеро як матни ба забони хориҷӣ таҳияшуда, филми кӯтоҳмуддат бо чанд забон, видеороликҳои ташвиқотӣ, силсилааксҳои манзараҳои нотакрори кишварамон, маълумотномаи сайёҳӣ, роҳнамои туристӣ садҳо ҷаҳонгардонро ба Тоҷикистон ҷалб карда метавонад. Вақти он аст, ки саҳифаҳои интернетиро пур аз маълумоту мадракҳои муҳими таърихиву саёҳатӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ бо забонҳои гуногуни олам намоем, то сайёҳон дар интихобу иқдоми сайру сафар ба Тоҷикистон ба мушкилӣ мувоҷеҳ нашаванд. Албатта, барои амалишавии иқдомҳои мазкур нақши мактабу маориф бузург аст. Зеро маҳз омӯзгор шавқу завқ ва ишқу алоқаи хонандаро ба забонҳои хориҷӣ бедор мекунад ва онро инкишоф мебахшад.
Яке аз ҳадафу паҳлуҳои ин иқдом аз он иборат аст, ки забономӯзӣ дар мактабу муассисаҳои таълимии кишвар ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Марказҳои забономӯзӣ усули таълимро хуб ба роҳ монда, курсҳои бозомӯзиро зиёдтар ташкил намоянд.
Меҳрангез ЮНУСОВА,
омӯзгори фанни забони англисӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.2018 №: 251 Мутолиа карданд: 1093