logo

фарҳанг

ВОРИСОНИ ҶОМИВУ НАВОӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дӯстии миллатҳои тоҷику ӯзбек фармудаанд: "Эҷодиёти шахсиятҳои бузурги илму адабу фарҳанг, ки барои тоҷикону ӯзбекҳо мояи ифтихори муштараканд, сармояи воқеан пурарзиши маънавии халқҳои мо мебошанд. Дар садри ин бузургон, албатта, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қарор доранд”. Дар партави ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат  нишасти   навбатии маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан» – и Донишгоҳи  давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, ки он ба масоили равобити адабӣ миёни ин ду халқ бахшида шуд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, профессор Ҷамшед Ҷӯразода зимни суханронии хеш ба таърихи дӯстии ин ду миллат руҷӯъ кард. Таъкид шуд, ки дар саргаҳи ин дӯстӣ Абдураҳмони Ҷомӣ ва Навоӣ меистанд. Нигоҳи онҳо ба равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ, ба масъалаҳои хайру шар, адлу зулм, некию бадӣ, ҷангу сулҳ, адабиёту ҳунар ва амсоли инҳо ба ҳамдигар иртиботи қавӣ дошт.
Сипас, адабиётшиноси маъруфи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ваҳҳоб Раҳмонов дар мавзӯи “Андар матншиносии осори адабии суханварони пешин” маърӯза кард. Ба қавли мавсуф адабиёти ӯзбекро бе адабиёти тоҷик тасаввур кардан имконнопазир аст. «Барои дарку маърифати назму насри адабиёти ӯзбек донистани таърих, назария ва хусусиятҳои адабиёти тоҷик ҳатмист», - таъкид намуд олим.
Баъдан дар мавзӯи “Рушди адабиёти ӯзбек дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Абдусалом Абдуқодиров, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, суханронӣ карда, аз фаъолияти суханварони ӯзбекзабони Тоҷикистон маълумот дод.
Дар минбари шеъри маҳфил суханварон Солеҳа Олимова, Султонмурод Ҳоҷибоев, Мунаввара Ойматова, Ҷамшед Пиримов, Тӯтинисо Юсуфбекова, Эгамназар Соҳибназаров, Шариф Нуриддин ва дигарон аз ашъори тозаэҷодашон шеърҳо қироат намуданд.
М. ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2018    №: 251    Мутолиа карданд: 940
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед