logo

фарҳанг

РАНГОРАНГ. БАРДОШТ АЗ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Баргузории Фестивали байналмилалии “Рангоранг” барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун сарзамини ҳунармандони асил хеле муҳим буда, истифодаи самараноки ин бренд баҳри ташрифи бештари сайёҳони хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.

Чунин гуфта шуд дар Фестивали байналмилалии фарҳангию сайёҳии “Мероси Шоҳроҳи Абрешим” таҳти унвони “Рангоранг”, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 18-19 декабри соли ҷорӣ баргузор гашт.
Дар фестивал роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ҳунармандон ширкат варзида, дар он маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш ва фурӯш бароварда шуданд.
Дар ҳошияи фестивал конфронси илмӣ - амалӣ дар мавзӯи “Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ омили муҳими ҷалби сайёҳон” доир шуд.
Зикр гардид, ки ҳунарҳои мардумӣ дар қатори дигар захираҳои сайёҳӣ ва таъриху фарҳанги миллӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз қабили ITB - Берлин, “Интурмаркет”, “MITT” Федератсияи Россия, “Топ Реса”-и Фаронса, Форум ва Намоишгоҳи “Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон” дар шаҳри Сеули Корея, Алмаатои Қазоқистон, Куала-Лумпури Малайзия, Салоники Юнон, Токиои Ҷопон, Тошканди Ӯзбекистон, Риёз ва Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, Доҳаи Қатар ва Лос-Анҷелеси ИМА ба дӯстдорони саёҳат муаррифӣ карда шуданд.
Дар ҳамин ҷода, бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ давоми соли равон бо мақсади муаррифии фарҳанги миллӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, намоишгоҳҳои “Рӯзи заргарон”, “Рӯзи оҳангарон”, “ Рӯзи чакандӯзон” ва, инчунин, намоишгоҳи сайёҳӣ ва маҳсулоти армуғонии ҳунармандон таҳти унвони «Тоҷикистон – ҷаҳони саёҳат» пешкаши сокинони пойтахт ва сайёҳони хориҷӣ гардид.
Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид шудани “Чакан” эътирофу эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тамаддуну фарҳанги ғании халқи тоҷик мебошад.
Ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин, дар чорабиниҳои миллӣ, аз ҷумла Форум ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Исфара ва Норак, фестивали сайёҳии “Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ”, фестивали “Ҷилваи чакан”, Фестивали байналмилалии сайёҳии таомҳо ва пуфакҳои ҳавоии “Пур Нур” дар шаҳри Душанбе  ба таври шоиста таблиғу ташвиқ гаштанд.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2018    №: 251    Мутолиа карданд: 887
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед