logo

энергетика

"РОҒУН". САҲИФАИ ЗАРРИНИ ТАЪРИХ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини минбаъдаи кишвар бо барқу гармӣ тавассути барқарор намудани неругоҳҳои мавҷуда ва ба кор андохтани иқтидорҳои иловагӣ,  бунёди хатҳои нави интиқоли барқ ва  истифодаи сарфакоронаи он пайваста тадбирҳои муассир андешида, соҳаи энергетикаи кишварро ба таври назаррас пеш бурда истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ояндаи иқтисоди кишварро дар асоси захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ аз бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ  дониста,  барои ҳалли масоили мавҷудаи соҳа, пеш аз ҳама, ба бунёду барқарорсозии  НБО  «Роғун»  ҷаҳду талош намуданд. Миллати баору номус бо раҳнамоии Сарвари бузургу кордон  ба сохтмони иншооти азими аср  пардохт.  Ҳисси баланди ватандории   мардуми накуноми тоҷик боис гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бунёди неругоҳи беназир сарфароз гардад. Пиру барно,  кулли қишрҳои ҷомеа  ҳар чи зудтар бунёду ба истифода додани ин иншоотро  ҳадафи хеш донистанд. Бо  ҳидоятҳои  Сарвари давлат ҷавонон майдони сохтмони «Роғун» - ро  ҷойи пурифтихор ва  эътибори воло  дониста, бо иттиҳод  санге бар болои санге  ниҳоданд. Ниҳоят кохи нуру маърифатро обод карданд. 
Ба хотир овардани як лаҳзаи таърихӣ барои исботи  гуфтаҳои боло  кифоя аст.
Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии халқи меҳнатқарини тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат  буд,  ки  16 ноябри  соли ҷорӣ  агрегати якуми ин иншооти муҳим ба кор даромад ва   боби наве дар рушди давлатдорӣ боз гардид. НБО «Роғун»  ҳамчун арсаи созандагӣ  баробари бахшидани нуру зиё ба хонадони тоҷик, баракату фаровонӣ,  эҳтироми миллату Меҳан  ва дӯстиву ҳамдилиро  миёни шаҳрвандон бештар  намуд. Ин рӯйдоди оламгир пурарзиштарин дастоварди сол ва лаҳзаи натиҷагирӣ аз заҳмати бунёдкоронаи мардуми тоҷик маҳсуб  меёбад.
Б. ҲАКИМОВА, сардори шуъбаи
таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2018    №: 251    Мутолиа карданд: 13659
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед