маориф
ТАЪЛИМ. ТО ҲАМҚАДАМИ ЗАМОНА БОШЕМ...
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 - и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз даргоҳҳои калонтарини таълимии ноҳия буда, дар он 154 омӯзгори соҳибтаҷриба бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ дарс мегӯяд. Хонандагони муассиса хоса чанд соли охир дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ширкат ва ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд.
Дар муассиса ду синфхонаи лингафонӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ, чор синфхонаи технологияи иттилоотӣ, маҳорати ҳарбӣ, озмоишгоҳҳои физика, кимиё, биология, китобхона, толори варзиш, ошхона, майдонча барои машқҳои варзишӣ ва ҳуҷраи ёрирасон мавҷуданд, ки барои беҳтар гаштани раванди таълим пешбинӣ шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки хонандагон дар раванди таълим бо истифода аз технологияи нав, аз донишҳои бештар ва таълими замонавӣ бархӯрдор гарданд.
Замоне дарсҳои таълими меҳнатро аз сабаби набудани таҷҳизоти зарурӣ устодон назариявӣ меомӯхтанд. Хушбахтона, ҳоло барои ин фан 3 синфхонаи таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ мавҷуданд, ки хонандагон дар баробари таълими босифат ҳунарҳои гуногунро аз худ мекунанд.
Бояд гуфт, ки таълими салоҳиятнокӣ - низоми нави таълим буда, барои самаранок гардидани таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ шуд. Агар дар таълими анъанавӣ мақсади дарсро асосан маҷмӯи дониш, малака ва маҳорате, ки муҳтавои дарсро ташкил медиҳад, фаро мегирад, дар низоми таҳсили салоҳиятнок таваҷҷуҳ бештар ба он равона мешавад, ки хонанда донишҳои андӯхтаашро дар ҳаёт чи тавр татбиқ менамояд. Дар муассисаи мо он аллакай натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст. Мушоҳидаҳои ҳамарӯза нишон медиҳанд, ки лаёқати суханронӣ ва донишандӯзии мустақилонаи шогирдони мо беҳтар гашта истодааст.
Ҳама гуна дигаргуние, ки имрӯз дар соҳаи маориф ба вуқӯъ пайваста истодааст, танҳо ба хотири мувофиқи талаботи рӯз ба роҳ мондани таълиму тарбия ва ба камол расондани фарди донишманд, худшиносу худогоҳ мебошад. Ба ин хотир, ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати кишвар бояд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ҳамкории таълимгоҳу волидонро аз пештара ҳам мустаҳкам ва дар тарбияи ҷавонони донишманд, ки барои ояндаи кишварамон заруранд, мусоидат намоем.
Хайринисо САИДОВА,
омӯзгори МТМУ № 24 - и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2018 №: 252 Мутолиа карданд: 952