порлумон
БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД" ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ВОРИД ШУД
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасии вакилони мардумӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки тағйироти пешниҳодгардида фарогири шаш моддаи қонуни амалкунанда буда, дар баробари хусусияти майлкунандаву мутобиқаткунанда, дорои хусусиятҳои танзимкунанда низ мебошанд, ки он уҳдадориҳои падару модарро дар тарбияи фарзанд, аз қабили бартарияти манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ, мусоидат ба интихоби касб, омӯзондани асосҳои гигиенаи шахсӣ, маърифати санитарӣ, фарҳанги шаҳрвандӣ ва муошират пешбинӣ менамояд.
Тибқи гуфтаи Ҷаббор Аҳмадов, вакил, тағйирот ба моддаи 9 зарур ва саривақтӣ буда, он нофаҳмиҳое, ки дар қонуни амалкунанда ҷой дорад, бартараф мегардад. Тибқи қонуни амалкунанда волидон уҳдадор ҳастанд, ки таълими фарзандро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд. Мавсуф ёдрас шуд, ки яке аз сабабҳои ба гурӯҳу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ҷалб гардидани ҷавонон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва бесарусомонӣ сафари ғайрирасмии онҳо барои гирифтани таълимоти динӣ ба Эрон, Покистон, Афғонистон ва Миср мебошад. Минбаъд онҳо барои паҳн кардани ақидаи гурӯҳҳои тундрави иғвоангез ҳамчун ташвиқотчӣ истифода мешуданд. Гарчанде 3520 нафар ба Ватан баргардонда шуда бошанд, боз 289 нафари дигар таҳсили ғайрирасмии худро дар хориҷи кишвар идома медиҳад. Иловатан, баъзе аз хатмкардаҳои хориҷи кишвар ҳамчун хатиб ва имомхатиб дар масҷидҳои кишвар фаъолият намуда, бо гурӯҳу ташкилотҳои экстремистӣ алоқа ва ҳамкорӣ доштанд. Дар давоми солҳои 2016 – 2018 22 нафар имомхатиб барои алоқаҳои пинҳонӣ бо ташкилотҳои террористӣ ба даст афтод. Маҳдудияти дар моддаи мазкур пешбинишуда ҷавобгӯи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 18 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мебошад, ки он бо мақсади таъмини амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқи ҷомеа нигаронда мешавад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2018 №: 252 Мутолиа карданд: 1998