фарҳанг
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Саҳми Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷонов дар рушди театру илми театршиносӣ дар кишварамон хеле бузург аст. Муҳаққиқ аз лаҳзаҳои нахустини таъсиси Институти таърих ба ҳайси ходими илмии муассисаи мазкур фаъолият намудааст. Дар солҳои нахустини фаъолияти илмии хеш муҳаққиқ дар экспедитсияҳои мардумшиносӣ фаъолона ширкат варзида, доир ба маросими тӯй, бозӣ, тамошо ва саргармиҳои театрии мардуми навоҳии Ғарм таҳқиқот гузаронд. Маводи ҷамъоварда ва таҳлилнамудааш дар маҷмӯаи сеҷилдаи «Тоҷикони Қаротегину Дарвоз» дарҷ ёфт.
Дар байни асарҳои офаридаи муаллиф, асари дуҷилдаи «Таърихи театри советии тоҷик» ва «Театри тоҷик» мақоми хосро касб намудаанд. Ҳамчун, солноманигори ҳақиқӣ муаллиф таърихи ҳар театрро дар маҷмӯъ ва ба таври алоҳидагӣ ва давра ба давра барқарор намуда, дар қатори бозгӯ намудани номи саромадони театри касбии тоҷик ба садҳо воқеаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии тоҷик рӯшанӣ андохтааст.
Аз асарҳои нахустини Н. Ҳ. Нурҷонов бармеояд, ки олим дар рафти баҳодиҳӣ ба ҳунари иҷроишии актёрон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дақиқкорона барқарор шудану тасвир гаштани ҳар нақши алоҳида ба мунаққид имкон додааст, ки дар рисолаҳои алоҳидаи ба ҳаёту фаъолияти ҳунармандони театр бахшидааш махсусияти ҳунарии ҳар яки онҳоро ба таври нишонрас ва мӯъҷаз нишон диҳад. Ба ин гуфтаҳо асарҳои роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти М. Қосимов, А. Бурҳонов, Т. Фозилова, Ҳ. Раҳматуллоев, Г. Бақоева, Ҳ. Гадоев, С. Тӯйбоева, Х. Назарова, М. Собирова ва Ф. Қосимов офаридаи устод мисоли равшан шуда метавонад.
Махсусияти ҷолиби ин қабил асарҳои олим дар он аст, ки ӯ ҷиҳатҳои фарқкунандаи ҳар санъаткорро дақиқ, ҷолиб, нишонрас ва бо далелҳои қотеъ инъикос менамояд.
Дар асарҳои олим ду равияи асосии фаъолияти эҷодии ӯ ҷило медиҳад. Яке аз онҳо ба усули мардумшиносӣ, ки ба таври дақиқу нишонрас тасвир намудани ҳар як амалу ҳолатро тақозо дорад, побарҷо буда, дигар усули ифшо аз таҳлилу хулосабарориҳои театршиносӣ маншаъ мегирад. Ин аст, ки муҳаққиқ ҳамчун саррофи гавҳаршинос миёни анбуҳи саргармиҳои мардумӣ намунаҳои барҷастаи ҳунарии онро аз қабили театрҳои пантомим, рақс, майдонӣ ва корвонҳои шодии ҳунарӣ сара карда, бо ҳусну ҷилои нав тақдими ҳаводорони ҳунар мегардонад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти устодро дар тӯли тамоми фаъолияти илмиаш нақди театрӣ ташкил медиҳад. Тамоми эволютсияи санъати театрӣ ва афкори театршиносии тоҷикро метавон маҳз аз рӯи ҳамин самти фаъолияти устод барқарор сохт.
Санъатшинос солҳои тӯлонӣ дар матбуоти даврӣ оид ба масоили муҳими драматургияи миллӣ хони баҳс ороста, ҳамвора вазифаи таҳқиқу нақди онро ба сомон расондааст. Беҳтарини онҳо дар маҷмӯаи мақолаҳои олим бо унвони «Рангомезиҳои саҳна» гирд оварда шудаанд, ки соли 1983 тариқи интишороти «Ирфон» ба дасти чоп расид.
Ба ибораи дигар бо эътимод метавон гуфт, ки Н. Нурҷонов театршиносиро ба шохаи қавии санъатшиносӣ мубаддал гардонд, мактаби театршиносии миллӣ ба вуҷуд овард ва нақди театриро такомул бахшид.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2018 №: 253-254 Мутолиа карданд: 1253