logo

фарҳанг

"ФАРҲАНГИ ҶОЙНОМҲОИ МИЛЛӢ" РӮИ КОР ОМАД

Бо мақсади танзими дурусти корбурди ҷойномҳо дар ҳудуди кишвар «Фарҳанги ҷойномҳои миллӣ» таҳия гардид. Фарҳанги мазкур аз ду қисм иборат мебошад. Дар қисмати аввали китоб номи деҳаҳои Тоҷикистон шарҳу тафсир ёфтаанд. Дар қисмати дувум таҳти унвони «Тавсияномҳо» номҳо дар асоси сарчашмаҳои илмӣ ва таърихӣ ҷамъоварӣ гардида, пешниҳод шудаанд. Ин қисмат барои иваз намудани номҳои ғайримеъёрӣ истифода хоҳад шуд.

Бо мақсади таҳияи «Фарҳанги ҷойномҳои миллӣ» дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи босалоҳияте аз ҳисоби мутахассисони забоншинос, бахусус ҷойномшиносҳои (топонимшиносҳо) маъруфи кишвар таъсис дода шуд. Ба ҳайати он олимон ва мутахассисони шинохтаи соҳа, аз қабили  Бобо Назар - Ғафор, Ш. Исмоилов, С. Матробиён, О. Маҳдаҷонов, А. Мирбобоев, С. Мирзоев, М. Ҳотам, С. Назарзода, Н. Офаридаев, Р. Ваҳҳобзода, Д. Ҳомидов, Б. Тӯраев, Г. Шарофзода, Р. Шодиев, Р. Зулфониён ҷалб шуда буданд.
Гурӯҳи мазкур дар муддати ду моҳ номи мавзеъҳои мавҷудаи Тоҷикистонро, ки аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳот ҷамъоварӣ шуда буданд, мавриди таҳлили илмӣ ва баррасӣ қарор дода, дар такя бо маъхазҳои илмӣ номҳоро тафсир намуданд.
Ин фарҳанг ба вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, олимони бонуфузи ҷумҳурӣ барои тақриз пешниҳод гардид, Муқарризон баъзе нуқсҳои онро барои ислоҳ пешниҳод намуданд. Сипас, гурӯҳи корӣ эродҳои муқарризонро омӯхта, бо пазируфтани эродҳои қобили қабул фарҳангро ислоҳ намуд. «Фарҳанги ҷойномҳои миллӣ» ҳамчун як фарҳанги мукаммал омода шуда, рӯзҳои наздик ба дасти ҳаводоронаш мерасад.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 906
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед