logo

иқтисод

ХОҶАГИИ "ҲИСОР". ҚАРЗИ ПЕШИНА, МУШКИЛОТИ ИМРӮЗА

Зотпарварӣ яке аз роҳҳои асосии истеҳсоли самараноку афзунбахши маҳсулоти ширу гӯштист. Хоҷагии давлатии зотпарварии «Ҳисор» - и ноҳияи Фархор дар  ҷумҳурӣ ягона хоҷагиест, ки дар ҷодаи парвариши навъи нодири чорвои майда – гӯсфанди ҳисорӣ фаъолият менамояд. Аз ин ҷо хоҷагиҳои давлатию деҳқонӣ навъи нодири чорвои майдаро харида, парвариши онро дар минтақаҳои дигари кишвар, бештар Кӯлобу Суғд тараққӣ медиҳанд.
Ҳамчунин, аз хориҷи кишвар чорводорон ҷиҳати хариди гӯсфандони ҳисорӣ пайваста ба роҳбарияти хоҷагӣ дархостҳо мефиристанд. Бартарияти ин гӯсфандон гӯшту равғани хуштаъми зиёд доштанашон аст. Агар дигар  намуди гӯсфанд то 70 - 80 килограмм гӯшту равған диҳад, ин навъи чорвои майда то 160 - 170 килограмм гӯшту равған медиҳад. Аммо бо вуҷуди чунин бартариҳои калон, ки дар таъмини амнияти ғизоии аҳолӣ аҳамияти бузург дорад, парвариши он коҳиш ёфта истодааст. Хоҷагиҳое, ки саршумори ин навъи пурсамари чорвои майдаро бояд афзоиш бахшанд, ба мушкили пардохти андоз домангиранд. Аз ҷумла, тибқи маълумоти роҳбарияти хоҷагии давлатии зотпарварии «Ҳисор» ҳар сол ба хотири дарёфти маблағи қарзи андоз масъулони хоҷагӣ зиёда аз 2000 сар чорворо мефурӯшанд. Ин вазъ ба афзун намудани саршумори моли онҳо монеъ шуда,  ҳавасмандӣ ба зотпарвариро аз байн бурдааст.
Турдӣ Одилзода, мутахассиси варзидаи соҳа ва дорои таҷрибаи зиёди гӯсфандпарварӣ, иброз дошт, ки бо вазъи имрӯзаи хоҷагиҳои чорводор ба ҳадафҳои пешгузошташуда расидан ба гумон аст.
- Ҳеҷ нест, ки қарзи андозро то ба охир пардохта бошем. Вақте ки маротибаи дуюм вазифаи роҳбарии хоҷагиро бар дӯшам гузоштанд, он  панҷ миллион сомонӣ қарзи андоз дошт. Бо вуҷуди истифода аз ҳамаи имкониятҳо ҳамоно масъалаи қарзи хоҷагӣ ҳалли пурраи худро наёфтааст ва ин ҳолат  дар роҳи зиёд намудани саршумор монеа эҷод намудааст, - бо нигаронӣ изҳор дошт номбурда.
Мавсуф аз таҷрибааш нақл мекунад, ки замоне хоҷагиҳои давлатии зотпарвару тухмипарвар бо мақсади таъмини талаботи кишоварзон бо навъҳои маҳаллии чорвою зироатҳо  аз супурдани баъзе намуди андозҳо озод буданд. Чунин имтиёзи давлатӣ боис гардид, ки хоҷагиҳои зотпарвару тухмипарвар иқтидори ба ҳадди зарурӣ таъмин кардани эҳтиёҷоти кишоварзони мамлакатро бо маҳсулоти ватанӣ пайдо намоянд. Тадбири мазкур роҳи асосии рушди  соҳаи  ҳалкунандаи чорводорӣ – зотпарварӣ  мебошад, ки ҳоло хоҷагиҳо ба он ниёз доранд. Имрӯзҳо дар шароите, ки ҳифз ва зиёд намудани зотҳои маҳаллии чорво  муҳим аст, роҳандозии сабукиҳои андозӣ дар ин самт шояд роҳи ҳалли масъала бошад.  
Ғайбулло ҲАЛИМОВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 1048
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед