logo

фарҳанг

АДАБИЁТ ВА ТАЛАБИ ЗАМОН

Чунин ба назар мерасад, ки муддатҳост дар бораи яке аз  масъалаҳои муҳими ҳаёти маънавӣ - назарияи адабиёт мақолаҳои бунёдиву раҳнамо ба нашр нарасидаанд. Аз ин рӯ, нашри мақолаи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимовро бо номи «Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт» («Ҷумҳурият», 4 декабри соли 2018) саривақтӣ шумурдан мумкин аст. Бадиҳист, ки мақола зерлавҳаи «Масъалаҳои назариявӣ» дорад ва маҳаки таҳқиқоти мазкурро ташкил медиҳад. Дар  ҳақиқат, агар муҳтавои андешаи бисёр аз аҳли илму адабиёт ва фарҳангро пеши назар орем, чунин хулоса бармеояд, ки солҳои охир  адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик рӯ ба таназзул ниҳодааст. Бо вуҷуди он ки адабиётшиносони тоҷик дар се даҳсолаи охир ба масъалаҳои ҳусну қубҳи осори бадеӣ, нақди таълифоти адибон таваҷҷуҳи зиёд намуда, асару мақолаҳои пурмуҳтаво ва аз ҷиҳати илмӣ пурқувват таълиф кардаанд, дар масъалаи назарияи адабиёт, таъсири он ба зиндагӣ, аҳамияти тарбиявии он, алоқаи он ба илм ва дигар шохаҳои маънавиёт кам дахолат бинмудаанд. Яке аз сабабҳои инро камҷуръатии мунаққидон ва адами мавҷудияти илми имрӯзаи нақди адабӣ метавон донист. Аз ин рӯ, мақолаи С. Ятимов халои мазкурро то андозае пур мекунад.
Сарсухани мухтасар, аммо пурмуҳтавои мақола мақсади асосии таснифи таҳқиқро пурра ифода кардааст. Аз он бармеояд, ки ҳадафи асосии зиндагии инсони солимақл ташаккули ҷаҳонбинӣ мебошад. С. Ятимов барои расидан ба ин ҳадаф се роҳи асосии онро ҷудо бинмудааст, ки аввал, таҷриба, дигар, донишҳои назариявӣ ва сеюм, гносеологияи расидан ба таҳқиқи амалӣ ва назариявии адабиву эстетикӣ мебошанд.
Сипас, муҳаққиқ дар чанд зербоб масоили алоқамандро бо назарияи адабиёт мавриди баррасӣ қарор додааст. Яке аз онҳо муносибати илм ва адабиёт мебошад. Ба мо маълум аст, ки донишмандонамон илмро бо адабиёт тавъам дониста, бо ҳар дуи онҳо дар як вақт сару кор гирифтаанд. Баробари ин, муаллиф бо далелҳои аниқ ва равшан махсусиятҳои ин ду ҳаёти маънавиро шарҳу тафсир намуда, дар ин бобат аз файласуфон, донишмандони классики ҷаҳонӣ чун Афлотун, Арасту, Гелел, Ковалченко, Федосеев ва дигарон иқтибосҳо овардааст. Илм дорои ҷаҳонбинии воқеӣ, амалӣ мебошад. Адабиёт бошад, асосан ба эҳсосот такя мекунад. Яке аз ҷиҳатҳои назарраси таҳқиқоти олим дар он аст, ки аз асарҳои адибони тоҷик аз Рӯдакиву Абуҳафси Суғдӣ то шоирони имрӯзӣ иқтибосҳо оварда, барои исботи андешаи хеш корбаст бинмудааст. Бо истифода аз андешаҳои донишмандони рус оид ба назарияи адабиётшиносӣ қайд мешавад, ки дар адабиёт «дарки бадеӣ дар шакли реалистӣ ҳақиқати воқеиро тавассути образҳо ифода месозад» (И.Ковалченко). Ҳадафи асосӣ аз ин андешаҳо оид ба муқоисаи дақиқи илм бо адабиёт, ба назари мо, аз он иборат аст, ки муаллиф мехоҳад аз тарафи адабиёт ифшо шудани ҳақиқати зиндагиро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Мавсуф ба он назар аст, ки адиб ҳамон қадар воқеиятро тавассути образҳои бадеӣ дуруст тасвир намояд, ба мақсади худ хоҳад расид ва маҳсули каломаш ба дилу дидаи хонанда таъсири муфид мерасонад. Аз ҷумла, адабиёт хуб мебуд ба фаҳмиш, ҷаҳонбинии ҷавонон таъсири муфид расонад, онҳоро барои сарфаҳм рафтан ба мушкилоти зиндагии имрӯза сафарбар намояд. Адабиёти ҳақиқӣ чунин бояд бошад.
Дар боби дигар С. Ятимов ба масъалаи «Адабиёт ва идея» таваҷҷуҳ намудааст. Дар ҳақиқат, мо аз адабиёт ё адиб, шоир чӣ мехоҳем? Ин ҷо ҳадафи муҳаққиқ аз он иборат аст, ки адиби донишманд, боистеъдод аз воқеоти зиндагӣ, мушкилоти ҳамқавмон, ҳамасрон, ҳамватанони худ дур буда наметавонад.
Муаллиф мақоли «Гадо чун аз як дар гузашт, шарми рӯяш мепарад»-ро бамаврид ба кор бурдааст. Ғояи ғуломӣ, нишонаҳои ҷаҳолат, нодонӣ, талбандагӣ дар як қисм аҳли ҷомеа амиқ реша давондааст. Маҳз аз ин рӯ, баъзе ҷавонони нохудогоҳ, ҳатто, насли миёнсолу калонсол роҳи осони пулёбӣ, миёнравӣ, далолӣ, ҳатто, гадоиро меҷӯянд. Баъзеашон дигар роҳ наёфта, ба муздурии хоҷагони аҷнабӣ медароянд, то хизмати онҳоро ба ҷо оварда, чанд тангаи бедардимиён ёбанд. Чӣ гуна онҳоро метавон тарбия кард? Яке аз роҳҳо адабиёт аст. Адабиёти асил метавонад бо офаридани симоҳои заҳматкаш, одил, абармарди таърих ба рӯҳи мардум таъсир расонад.
Дар қисмати «Адиб ва тафаккури бадеӣ» устод С. Ятимов ба масъалаи он рӯй меорад, ки то чӣ андоза нависанда метавонад бо абзори хеш, ки тасвиру маҷозу санъатҳои бадеӣ аст, ба хонанда таъсир расонад. Суол ба миён меояд, ки худи адиб то чӣ андоза дар назди ҳамватанон худро масъул эҳсос мекунад? Онҳоро ба кадом ҷониб сафарбар кардан мехоҳад? Ба тарафи хайр ё шарр? Дар ин бобат олим аз як ҳодисаи нангин ёдрас мекунад, ки дар таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, тоҷикон саҳифаи торик босмачигарӣ буд. Имрӯз ба ном зиёиёне пайдо шуданд, ки ин ҳаракати хонумонсӯзро ҳақ бароварданӣ мешаванд. Агар онҳо муҳофизони Ватан буданд, чаро ҳамватанонашонро куштанд, молу мулкашонро ба яғмо бурданд? Пурсида мешавад, ки ба озодии виҷдону дин кӣ халал расондааст? Ҳамаи ин ҷуз бозии авомфиребона чизи дигар нест. Дар вақташ устод Айнӣ, чи тавре ки муаллиф ёдовар мешавад, симои манфури босмачиёнро офарида буд. Аммо имрӯз чаро адибони тоҷик дар ин масъала хомӯшӣ ихтиёр кардаанд?
Дар мавриди генезис (сарчашма)-и адабиёти муосир муҳаққиқ бар он аст, ки адабиёти тоҷик аз замонҳои қадим, ду ҳазор сол пеш дар осори мондагори хеш масъалаҳои умдаи замонро тасвир карда буд. Дар ин бобат дуруст ёдовар мешавад, ки «адабиётшиносии даврони истиқлол бояд таҳқиқот ва баррасии муқоисавии офаридаҳои каломи бадеии муосирро ҳадди ақал ба идеянокии давраҳои ниҳоят муҳими ҳаёти миллати тоҷик… давра ба давра амалӣ созад». Ин барои он муҳим аст, ки дар ҳақиқат, адабиётшиносии муқоисавӣ дар мо, на танҳо бо адабиёти ҷаҳон, ҳатто, бо даврони пешини худ ба андозаи бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. Дар мавриди адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ сухани гуфтанӣ зиёд аст. Зеро агар дуруст мулоҳиза кунед, таҳқиқи назарияи адабиёт ва идеологияи адабиётшиносӣ вазифаи ҷонии адабиётшиносони тоҷик мебошад. Ин аст, ки суоли дуруст ба миён мегузорад: «адабиёт дар муқоиса ба воқеият дар кадом сатҳ қарор дорад?» Ба сифати далел меорад, ки: «Эҷоди «Шоҳнома», аз ҷумла, нишони масъулияти як нафар аз миллионҳо дар назди миллати хеш аст». Вобаста ба ин суоле ба миён меояд, ки қаҳрамони «вақт» замони кунунӣ дар ҳаёти имрӯзаи халқи тоҷик мавҷуданд, ки давлати тозатаъсис, нав ба истиқлол расидаи тоҷиконро аз коми ифротиён, нобудӣ раҳо намуданд. Ба андешаи мо, фарзанди диловари тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи тасвир дар асарҳои мондагор мебошанд.
Дар қисмати хулоса муаллиф ин маъниву бардоштҳоро ба таври ҷамъбаст мавриди назар қарор дода, зикр мекунад, ки дар ҳақиқат, тафаккури инсонӣ бар асари чизҳои хонда, дида, шунида метавонад осебпазир бошад. Аз ин рӯ, адабиёти асил ба он таъсири мусбат расонда метавонад.
Бахтиёри АБДУРАҲИМ,
декани факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
ба номи Сотим Улуғзода, номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 1068
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед