фарҳанг
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ЭҲЁИ ДУБОРАИ ОНҲО
Ҳунарҳои халқӣ ва навъҳои гуногуни онҳо дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи хосса дошта, аз падидаҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон ба шумор мераванд. Ҳунар ба ҳаёти инсон алоқаманд буда, ҳисси зебоипарастии ҳар як шахсро таҷассум менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар фарҳанги суннатии тоҷикон намунаҳои ҳунар ва анъанаҳои зиёде мавҷуданд. Аммо, чанд соли охир бисёре аз онҳо фаромӯш шуда буданд.
Хушбахтона, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ин ҳунарҳо дубора эҳё шуданд. Хусусан, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар рушду эҳёи ҳунарҳи миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Дар доираи татбиқи иқдоми Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои кишвар даҳҳо мактаби ҳунармандӣ ташкил шуданд. Ҳунарҳое, ки замоне фаромӯш шуда буданд, арзиши бештар пайдо намуданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ барои ҳифзу нигоҳдошти онҳо тадбири хеле муҳим мебошад.
Таърих собит намуда, ки мардуми тоҷик аз қадим ҳунарманд буд. Намунаҳои нодири нақшу нигоре, ки бостоншиносон дар Панҷакенти қадим ва дигар мавзеъҳо дарёфтаанд, бозгӯи фарҳанги бою рангини гузаштагони мо ҳастанд. Масалан, ҳунари наққоширо гирем. Ин ҳунар, ки таърихи чандинҳазорсола дорад, имрӯз низ миёни мардум хеле маълуму машҳур аст. Наққошони тоҷик анъанаҳои ҳунармандони гузаштаро идома ва санъати нақшофариниро такмил медиҳанд. Нақшҳои классикии тоҷикон аслан дар асрҳои миёна шакл гирифта, дар кишварҳои Шарқ аз ҷумла Миср, Туркия, Ҳиндустон паҳн шудаанд. Устоҳои наққош дониши фарох доштанд. Фанҳои махсус, аз ҷумла илми ҳандасаро, ки дастраси ҳар кас набуд ва ба омӯхтани он солҳои дароз сарф мешуд, хуб аз худ мекарданд. Ин ҳунармандон чунин нақшу нигорро бештар дар биноҳои пуршукӯҳ истифода мебурданд.
Кандакориву чӯбтарошӣ аз ҳунарҳои дигари мардуми мо ба шумор мераванд. Ҳунари онҳоро дар сохтани табақу коса, гаҳвора, сутун мушоҳида мекунем. Онҳо барои ҳунармандон доира, дутор, асбоби нафасӣ, ғижак низ омода месозанд.
Ҳунарҳои мардумӣ дар ороиши сарулибос, ҷиҳози хона низ мушоҳида мешавад ва вобаста ба маҳалҳо дар ороиши онҳо тағйири шаклу намуд кардаанд. Дигаргуние, ки дар сару либос мушоҳида менамоем, ба ин ё он минтақа вобаста аст ва ин омӯзиши махсусро талаб мекунад.
Ошноӣ бо тадқиқоти олимоне, ки дар ин самт кору фаъолият кардаанд ба хулосае меорад, ки ҳунару ҳунармандӣ дар асоси анъанаҳои миллӣ ташаккул ёфта, имрӯз ба шарофати дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат дар ҳоли рушд қарор доранд.
Фирӯз АРАБЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Данғара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2018 №: 253-254 Мутолиа карданд: 882