фарҳанг
РАВАНДҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ВА БИБЛИОГРАФИЯИ МИЛЛӢ
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ як қатор санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқию барномаҳои махсуси давлатӣ доир ба рушди соҳаи китобдорӣ қабул гардида, бомуваффақият дар амал татбиқ шуда истодаанд. Вобаста ба ин, таҳияи маводи соҳавӣ низ равнақу ривоҷ ёфтааст, ки нашри китобҳои илмиву оммавӣ, маводи силсилавӣ бахшида ба самтҳои ҷадиди китобдорӣ, иттилоотшиносиву библиографияшиносӣ мисоли равшани он шуда метавонад. Фаъолияти библиографӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки иттилоърасонӣ ва оммавигардонии хониш дар байни ҷомеа шинохта шуда, ҳамзамон, яке аз бахшҳои асосии фаъолияти китобхонаҳо мебошад. Имрӯзҳо бо пешрафти илму техника тамоми соҳаҳо дар ҳоли рушд ва шаклдигаркунӣ қарор доранд. Фаъолияти библиографӣ низ аз ин раванд барканор намондааст.
Чуноне ба ҳамагон маълум аст, библиография ҳамчун соҳаи фаъолияти илмиву амалӣ ба истифодабарандагон расондани иттилоот ба воситаи дастурҳои библиографӣ ба ҳисоб меравад. Яъне, вазифаи асосии библиография ба хонандагон иттиллоъ додан дар бораи осори чопӣ мебошад. Библиографҳои мо баҳри мутобиқ гардондани самтҳои афзалиятноки фаъолияти библиографӣ бо талаботи рӯзафзуни ҷомеа талош ба харҷ медиҳанд. Дар ин раванд саҳми мутахассиси варзидаи библиографияи тоҷик Гадобек Маҳмудов хеле назаррас мебошад.
Таълифоти ҷадиди Г. Маҳмудов дар самти омӯзиши фаъолияти библиографӣ “Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо” ном гирифтааст. Асари мазкур доир ба масоили назарӣ ва амалии библиография баҳс мекунад. Ҳамчунин, дар тадқиқот бо назардошти зарурати татбиқи технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотӣ – библиографӣ тавсияҳои муфид дода шудааст.
С. НАДИРОВ,
корманди илмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2018 №: 253-254 Мутолиа карданд: 955