logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ПОРА. Боз як хизматчии ҳарбӣ дастгир шуд
16 октябри соли равон шаҳрванд «А» ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кард, ки мутахассиси пешбари зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ Сироҷиддини Мирзомуддин бо истифода аз мақоми хизматӣ аз ӯ бо роҳи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ва додани билети ҳарбӣ 4 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти агентӣ, 18 октябри соли ҷорӣ ҳангоми гузарондани амалиёти фаврӣ-тафтишотӣ Сироҷиддини Мирзомуддин баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбат ба Сироҷиддини Мирзомуддин бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои «в,г» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба анҷом расидани тафтиш ба суд ирсол шуд.

ҚАРЗ вақте пардохт намешавад...
Ҷомӣ Ошурбеков, истиқоматкунандаи деҳаи Башори Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим бо мақсади тасарруфи маблағҳои ба тариқи кредит додашуда 7 октябри соли 2015 дар асоси шартнома аз БДА ҶТ «Амонатбонк» аз ҳисоби маблағҳои гардиши Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаҷми 400 000 (чорсад ҳазор) сомонӣ қарзи имтиёзнок ба муҳлати 2 сол барои таъсиси сехи коркарди меваи хушк ва нигоҳдории меваю сабзавот гирифтааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, ӯ ин маблағҳоро ғайримақсаднок ба манфиати шахсиаш истифода бурда, то ин давра, ба муассиса ба маблағи 130307 сомонӣ пардохт намуда, маблағи боқимонда 269 693 сомониро барнагардондааст.
Оид ба  ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокурори ноҳияи Ишкошим 22 сентябри соли равон нисбат ба Ҷомӣ Ошурбеков бо моддаи 246 қисми 3 банди «б» (барои ғайриқонунӣ истифода намудани маблағҳои қарзи бонкӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба итмом расидани тафтишотӣ пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шуд.
Бо ҳукми суди ноҳияи Ишкошим аз 5 декабри соли 2018 Ҷ. Ошурбеков ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзноми «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 887
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед