logo

ҳуқуқ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ТАҲДИД БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Имрӯзҳо шакл гирифтан ва вусъат пайдо намудани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ боиси таассуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб ба худ хислати фаромиллӣ ва глобалиро касб менамояд.

Ҳамин аст, ки бо сабаби зуҳури ин таҳаввулоти номатлуби замон истиқлолияти давлатҳои алоҳида зери хатар қарор мегиранд ва ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мегардад, ки дар танҳои онҳоро рафъ карда наметавонанд.
Таърихи афкори назариявии ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки идеологияҳои ифротгароӣ ба ҷиҳати асл ва моҳияти худ ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ ба миён меоянд. Ҳамин аст, ки ифротгароиро олимони ҷомеашинос, пеш аз ҳама, ба сурати зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае таҷассум намудаанд, ки дар ниҳояти кор ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад. 
Коршиносони омӯзиши масъала бар ин назар ва ақидаанд, ки аксар ҷавонони бо гуноҳи ифротгароӣ маҳкумшуда бо сабаби дониши пасти динию дунявӣ, надоштани машғулият ва ҷои доимии кор, пайваста дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанашон гумроҳ шудаву ба доми афрод ва гурӯҳҳои ситезаҷӯ афтодаанд.
Барои мо - тоҷикон, ки таҷрибаи душвори таърихиро дар ибтидои давраи соҳибистиқлолии кишвар аз сар гузарондем ва ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардидем, мақому нақши сулҳу ваҳдати миллӣ аҳамияти махсусро соҳиб мебошад. Ин неъмати бебаҳо ба туфайли меҳнати чандинсолаи давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва гиромӣ доштани он аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.
Иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» , «Стратегияи давлатии мубориза бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020» аз ҳар як шаҳрванд масъулияти ҳушёрии сиёсӣ, имону эътиқоди комилро талаб менамояд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид карданд: «Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра, зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт».
Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир иброз доштанд, ки ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем. 
Бо ин мақсад, дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд 25 майи соли 2018 дар Душанбе «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез» доир гардид, ки меҳмонони зиёде дар он ширкат доштанд. 
Бо вуҷуди ин, моро зарур аст, ки пеши роҳи ин зуҳуроти зишт - ифротгароиро гирем ва ба васеъшавии ин гуна равияҳо роҳ надиҳем. Ҷавононро ҳамчун неруи созанда дастгирӣ намуда, дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ тарбия намоем, то онҳо сазовори давру замон бошанд.
Гулҷаҳон АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи фалсафаи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 911
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед