фарҳанг
АМИНҶОН АЗИМОВ СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА
Озмуни “Акси беҳтарин”, ки он аз ҷониби маҷаллаи “Сарзамин”, нашрияи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гашта буд, ҷамъбаст гардид.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Қурбон Ҳакимзода дар маросими ҷоизасупорӣ иброз дошт, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ривоҷу равнақи соҳаи туризм ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ такони тоза бахшид.
- Мувофиқи маълумоти расонаҳои иттилоотии маъруфи олам, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар бозори сайёҳии ҷаҳон мавқеи намоён касб намуда, дар рейтинги ҷаҳонии «Глоб Спотс» ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин барои сайёҳии саргузаштӣ ворид шуд, ки боиси сарфарозии мост, - афзуд Қурбон Ҳакимзода.
Ширин Амонзода, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар навбати худ эълом гардидани озмуни “Акси беҳтарин”-ро дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдоми муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, гуфт, ки Тоҷикистон дорои мавзеъҳои зиёде мебошад, ки месазад онҳоро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем. Ин озмунро, бешак, метавон яке аз воситаҳои муҳими муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар донист.
Тавре сармуҳаррири маҷалла Гулчеҳра Сатторзода зикр сохт, дар озмун аксбардорони касбию ҳаваскор ширкат варзида, аз манзараву табиати зебои Тоҷикистон ва дигар имконоти сайёҳии диёр қариб ҳазор акс пешниҳод намуданд.
Ҳамин тариқ, паз аз омӯзишу баррасӣ, ҷойи якум ва шоҳҷоизаи озмуни «Акси беҳтарин» бо 5 ҳазор сомонӣ насиби аксбардори шинохта Аминҷон Азимов гардид. Ҷойи дуюм бо 3 ҳазор сомонӣ ба Баҳодур Турсунов ва Комрон Комилзода, ҷойи сеюм ва 2 ҳазор сомонӣ ба Баҳром Ҷалилов, Баҳриддин Исамутдинов ва Шаҳриёр Олимӣ дода шуд.
Инчунин, даҳ нафар – Суҳайлӣ Қодирӣ, Неъматулло Алиев, Бахтовар Каримов, Боймурод Боев, Андар Раҳмонӣ, Далер Шарифов, Қувватхоҷа Қозиев, Муҳиддин Идиев, Ҷаъфар Шарифӣ ва Нурулло Ҳасанов, барои иштироки фаъолона дар озмун бо ифтихорномаҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷаллаи “Сарзамин” қадр шуданд.
Б. КАРИМ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2018 №: 253-254 Мутолиа карданд: 886