logo

ҳуқуқ

ГУМРОҲРО ПАДАРАШ ҲАМ НАБАХШИД

Чанде пеш аз назди бинои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мегузаштам. Дидам, ки марди 55 – 60 - солае бо чашмони варамида оҳиста - оҳиста аз зинапояҳои он поён омада, оҳи  ҷигарсӯзе кашид. Ӯ худро базӯр дошта, омада ба хараки ҳавлии суд нишаст. Дилам ба ӯ сӯхту наздаш омада пурсидам: ”Акаҷон, маро мебахшеду ба шумо чӣ шудааст, шояд кӯмак лозим бошад?”. Мард худро дигар дошта натавониста, инони гиряро сар дод. Пас аз чанде ба худ омада, лаб ба сухан во намуд: ”Эҳ, хоҳарҷон, чӣ мепурсед. Лаънат ба ман барин падар, ки солҳо айби писарамро пӯшида гаштам. Имрӯз, ки ба хиёнат даст задааст, дигар аз дастам коре бар намеояд”.
- Чӣ кор кардааст, - пурсидам боз.
Гумон доштам, ки касеро ғорат, ё латукӯб кардааст. Лекин маълум шуд, ки ӯ ба Ватан, ба модару миллати худ хиёнат кардааст. Дигар барои таскини дили пирамард сухан ёфта натавонистам. Дар ин ҳолат ба кирдори ин фарзанди нохалаф чӣ ҳам гуфта метавонад кас?
Барои таскини дилаш оҳиста гуфтам, ки “тақдиратон ҳамин будааст, сабур бошед, зеро фарзандони дигаратон муҳтоҷи дастгирию тарбияи шумоянд. Барои онҳо зиндагиро давом додан лозим”. Мард сарашро бо ду дасташ дошта, “шарманда шудам хоҳарҷон, байни дӯстон, хешутаборон, ҳамсояҳо, шарманда”,  - мегуфту мегирист.
Баъди каме ором шудан ба дарди дил кардан сар кард. “Комилҷон, писари аз ҳама хурдиро эрка калон кардам. Аз синфи ҳафтумӣ ба дарсҳо намерафтагӣ шуду  шабҳо дер ба хона меомад. Ҳарчанд бо муомилаи хуб бо ӯ суҳбат мекардам, насиҳату зорию тавалло менамудам, ба ӯ таъсир намекард. Роҳбари синфашон низ тамоми усулҳои тарбияро ба кор бурд, аммо беҳбудӣ нашуд. Омӯзгорон аз беодобиҳои ӯ ба дод омада, аз ман хоҳиш мекарданд, ки ба дигар мактаб гузаронемаш. “Шояд бо рафиқони хуб ошноӣ пайдо карда, хулқу атвораш дигар шавад”, - мегуфтанд онҳо.
Бо маслиҳати тарафайн ӯро ба муассисаи таълимии дигар гузарондем. Он ҷо низ ҳолаш беҳ нашуда, бо бачаҳои аз худ чанд сол калон ошноӣ пайдо намуд. Ба шуғли дигар пайваст: ҳар шаб ба куҷое ғайб зада, саҳар барвақт бо чашмони варамидаву хунгирифта пайдо мешуд. Барои дарсшиканӣ ва вайрон намудани қоидаҳои мактабӣ ӯро аз ин муассиса низ хориҷ намуданд.
Хулласи гап, бача дар ин муддат чи балоҳоеро ба сарам овард. Гоҳ аз хонаи ҳамсояҳо чизеро медуздиду гоҳе ҷиҳози хонаро мефурӯхт. Маблағи бадастомадаро сарфи маю сигор мекардааст. Соли гузашта ба воситаи Интернет бо мардони номаълуме аз хориҷ шинос шуд, баъди чанд рӯзи гуфтугузорҳо онҳо таклиф намуданд, ки ба Россия биёяд. Ҳамин тариқ, бо “рафиқонаш” аз Россия ба давлати Туркия ва аз он ҷо ба Сурия рафтанд.
Чун аз ин бадкирдорӣ огоҳ шудам, бо азобу шиканҷаҳои зиёд суроғаашро пайдо намуда, ӯро худам аз он ҷо оварда, ба дасти ҳомиёни ҳуқуқ супурдам.
Ман аз он хиҷолатзада нестам, ки ӯро 5 сол аз озодӣ маҳрум карданд, ҷинояткор бояд ҷазояшро гирад. Аз он ҷиҳат азоби рӯҳи мекашам, ки сари вақт пеши роҳи ӯро нагирифтам, шарм кардам, ки ба мақомоти дахлдор дар вақташ хабар диҳам. Акнун ҳам худам азоб мекашаму ҳам ӯ”, - гуфт бо алам мард.
Ӯ кӯдаквор мегиристу дар назарам чунин менамуд, ки тамоми дунё ҳамроҳаш мегиряд.
Ибодат БОЗОРОВА,
директори МТМУ № 95 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 941
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед