туризм
ШАҲРИНАВ. ИМКОНИЯТҲОИ ФАРОВОН БАРОИ ҶАЛБИ САЙЁҲОН
Дар ноҳия доир ба муаррифии мавзеъҳои сайёҳии водии Ҳисор семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарону кормандони бахшҳои иҷтимоию иқтисодии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия масъалаҳои рушди соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Шаҳринав яке аз мавзеъҳои бостонӣ буда, дорои маконҳои таърихии зиёд мебошад. Дар ҳудуди он 36 мавзеи таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ як воҳиди кории махсус - нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таъсис ёфтааст, ки ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангиро дар маҳалҳо назорат мебарад.
- Соҳаи сайёҳӣ ҳамчун омили рушди иқтисодиёт ва яке аз бахшҳои сердаромадтарин дар ҷаҳони муосир арзёбӣ гардидааст. Бинобар ин, бо мақсади тараққӣ додани соҳа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ҳоло аз ин ҳисоб ба буҷети кишвар даромади хуб ворид мешавад. Ҳамчунин, рушди соҳа барои бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ воситаи хубест. Ноҳияи Шаҳринав дар водии хушманзараи Ҳисор пораест аз сарзамини куҳанбунёди миллати тоҷик. Табиати рангорангаш ба кас ҳаловат мебахшад. Манзараҳои афсунгари кӯҳу пиряхҳо, обу гиёҳҳои шифобахш, кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо, ҳайвоноту набототи нодири он дар наздикии пойтахти кишвар беҳтарин сарчашмаи ҷалби меҳмонони хориҷӣ маҳсуб меёбад. Туризми зиёратӣ, экологӣ, шикору моҳидорӣ ва фаъолияти дигар субъектҳои хизматрасонии соҳаро дар ин ҷо ташкил намудан имкон дорад. Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносӣ, ҶСП "Пансионати муолиҷавии Қаратоғ", мавзеъҳои зебоманзари Пуштимиёна, Патру, Ҳакимӣ, Ойборик, тахти Сулаймон, кӯлҳои Темурдара, Париён, Ҷувозак, зиёратгоҳҳои Чашмаи Моҳиёни Хуҷӣ ва мазори Хоҷа Ҳасан макони беҳтарини сайру саёҳат мебошанд. Кӯли Темурдара дар натиҷаи лағжиши пирях ва кандашавии кӯҳ пайдо шуда, дар баландии 1970 метр аз сатҳи баҳр дар қисмати шимолу шарқии дараи Қаратоғ ва кӯли Париён дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр дар самти шимолии дараи Қаратоғ ҷойгиранд. Мавзеи зебоманзари Патру дар қисмати дарёи Қаратоғ ҷой гирифта, дар он ҷо оромгоҳи бузургони илму ирфон, чанорҳои бисёрсола, чашмаи табобатӣ ва деҳаи қадима мавҷуданд. Дар ростои чунин сарватҳои беназир тарғибу ташвиқ ва муаррифии шоистаи онҳо дар дохилу хориҷи кишвар яке аз масъалаҳои муҳими рушди сайёҳӣ мебошад. Бо ин мақсад, дар сомонаҳои иҷтимоӣ доир ба ноҳия суроғаҳои интернетӣ кушода шудаанд, ки барои пайдо намудани маълумот ба сайёҳон ёрӣ хоҳад расонд. Тибқи маълумот соли ҷорӣ ба нуқтаҳои сайёҳии ноҳия 4500 нафар сайёҳ ташриф овардааст, ки аз ин 3700 нафар сайёҳи дохилӣ ва 800 нафар хориҷӣ мебошад. Дар ин давра, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ марказҳои иттилоотии сайёҳӣ, ширкати хизматрасонии “Сайри Қаратоғ” ва 5 ҳомстей (хона барои қабули сайёҳон) бунёд ёфтанд, - гуфт Маҳмадлатиф Мирзоев, сармутахассиси шуъбаи рушди соҳаи сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2018 №: 253-254 Мутолиа карданд: 1149