ҳуқуқ
ИФРОТГАРО НЕ, ИНСОНГАРО БОШЕМ!
Маълум аст, ки экстремист дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундгароӣ мебошад. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дин, сиёсат, идеология, илм ва, ҳатто, дар варзиш, ба миён ояд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср, ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ дар миқёси ҷаҳон барои мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд.
Ҷавонон қишри осебпазири ҷомеа буда, ба онҳо дар баҳогузорӣ ва фикрронӣ баландсолорӣ (максимализм) хос мебошад. Бештари онҳо аз нигоҳи равонӣ пурра ба воя нарасидаанд ва вобастаи афкору андешаи бегона мешаванд, метавонанд ба осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтанд. Созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ бо назардошти ҳамин шароит талош меварзанд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони мушкилоти иқтисодию иҷтимоии онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддӣ ҷалб намоянд. Боиси таассуф аст, ки ҷавонони тоҷик низ ба ҳайати ташкилоти террористӣ шомил шуда, дар муҳорибаҳои мусаллаҳона ба манфиати ашхоси бегона ҷангида истодаанд. Баъзеяшон ҳатто фикр намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин сохтору иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал менамоянд, балки мушкилоти зиёди наверо барои дигарон эҷод намуда, ояндаи неки худро аз байн мебаранд. Қисмате аз онҳо дар ин муборизаҳо ба ҳалокат расидаанд. Онҳо бо ин амали нангину даҳшатбори худ ба шарафу номуси давлату миллати хеш доғ оварда, барои падару модар ва наздиконашон ғаму андуҳ меоранд. Аксарияти ҷавонони ба гурӯҳҳои ифротгаро шомилгардида аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки дар макотиби динии кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ дур аз Ватан қарор доштанд.
Ҳукумати мамлакат барои аз ин роҳ баргардондани ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат санадҳои меъёрию ҳуқуқии муҳимеро ба тасвиб расонд. Боиси хушнудист, ки аксарияти ҷавонони мо дар пайи омӯзиши илму дониш ва иҷрои амалҳои нек ҳастанд. Ҷавонони бомаърифат метавонанд дар оянда барои халқу миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Ҷавонони моро зарур аст, ки қурбони терроризм ва ифротгароӣ нашуда, мақсаду мароми асосии гурӯҳҳои террористиро дарк намуда, барои рафъи он кӯшиш кунанд.
Талошҳои шумо - ҷавонони ояндасоз дар рушду нумӯи кишвари азизамон моро бовар мекунонад, ки бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувории мавқеи он дар миқёси ҷаҳонӣ сафарбар менамоед.
Лутфия РАҶАБОВА,
омӯзгор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2018 №: 253-254 Мутолиа карданд: 887